Футбол: рақиби дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рақиби дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дорандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Аҳал»-и Балканобод, дорандаи медали нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии аввали дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 бо дастаи «Аҳал»-и Туркманистон 13 феврал дар Балканобод барпо мегардад.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 20 феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






