Идигул Қосимзода: «75 нафар духтароне, ки аз падару модар маҳруманд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд»

Февраль 14, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  75 нафар духтароне, ки аз падару модар маҳрум ҳастанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зикр намуд.

«Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази «Чароғи ҳидоят»  фаъолият менамояд, ки ба духтарони ҷавоне, ки аз падару модар маҳрум ҳастанд, кумак расонида, онҳоро бо ҷои зист таъмин менамояд»,-  зикр намуд И.Қосимзода.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки  барои таълиму тарбия гирифтани ин духтарон Кумита корҳои назаррас анҷом дода истодааст.

Ҳамзамон бо мақсади фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода  намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби   донишҷӯдухтарон ва мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани  маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо  соли сеюм аст, ки дар заминаи Шӯрои донишҷӯдухтарони назди Кумита курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар» фаъолият менамояд.

Соли 2017  50 нафар донишҷӯдухтарон  курси мазкурро хатм  намуда, соҳиби гувоҳномаи курси «Зан-роҳбар» гардида, ба рӯйхати захираи кадрии кумита ворид гардиданд.

 

 

Февраль 14, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад