Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба мутахассисони ҷавон дар таҳияи лоиҳаҳо ва кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон озмун эълон намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун таҳти унвони «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия гузаронида шуда, дар се самт амалӣ карда мешавад:
– таҳияи барномаи мобилӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои низоми Гугл (Google);
– рушди тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ;
– таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ.
Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 19 феврали соли 2018 тавассути почтаи электронии hackathon.tourism@gmail.com ва телефони +992 88888 0330 қабул карда мешаванд.
Ғолибонро туҳфаҳои арзанда интизоранд.
Лоиҳа бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






