Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё-2018 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.. Аз 28 феврал то 4 марти соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ) доир мегардад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 18 варзишгар ва ду мураббӣ иштирок мекунад.
Тавре аз Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намуди гӯштини тарзи озод 10 варзишгар- Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Комилҷони Сафаралӣ (92 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг) ва дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ 8 варзишгар (Ҳасан Сӯфиев (55 кг), Шарифзода Азизбек (67 кг), Суҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Бахтовар Ҳасанов (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (82 кг), Шараф Файзиев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг), Суҳроҷ Азизов (130 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Варзишгаронро дар ин сафар сармураббии гӯштини озод Абдурозиқ Олимов ва сармураббии гӯштини юнонӣ-римӣ Ҳабибулло Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар рақобатҳо иштироки варзишгарон аз 25 давлати қораи Осиё дар назар аст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






