Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд интихоб шуд

Февраль 8, 2018 17:16

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 7 феврал раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 7 феврал дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи вилоят баргузор шуд.

Дар конференсия намояндагони дастаҳои лигаҳои футболи минтақаи Суғд иштирок намуданд. Ба тариқи овоздиҳӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд. Дар ин вазифа Раҷаббой Аҳмадзода Абдураҳим Қодириро иваз намуд.

Дар конференсия  ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва роҳбари дастгоҳи ФФТ Шавкат Ахмедов иштирок карданд.

 

Февраль 8, 2018 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад