СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 1.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони ватаниву хориҷӣ масъулини Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои меҳмонону сайёҳон ва зоирон шароити мусоиди истироҳату фароғат фароҳам оваранд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2017 ба муассисаи мазкур 5223 нафар меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин нисбат ба соли 2016 мутаносибан 20% зиёд аст.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаи «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» соли 2008 таъсис ёфтааст. Муассиса бо ҳудуди 2.64 гектар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастӣ карда мешавад. Дар тавозуни муассиса оромгоҳи Устод Рӯдакӣ бо мақбараи муҳташам, осорхонаву китобхона, меҳмонхонаи муҷаҳҳаз бо тамоми шароити маишӣ, чойхонаву толорҳои махсуси қабулу пазироии меҳмонон, ошпазхона ва боғу гулгаштҳо карор доранд.
Оромгоҳи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки асоси таъсиси муассиса қарор гирифтааст, сабаби ташрифи меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ мебошад. Оромгоҳ дар мавзеи баланду хушҳаво қарор дошта, бо усули меъмории миллии ҷаззоб бунёд гардидааст.
Фонди осорхонаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» ҳар сол аз ҳисоби сарватҳои таърихию фарҳангии ҷамъоварӣ ва харидашуда ғанӣ мегардад.
Дар осорхона нигораҳо аз аҳди бостон то имрӯз ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамчунин дар ин ҷо навиштаҷот аз осори Устоди шеъри Аҷам, адабиёти бадеӣ ва илмӣ мавҷуд мебошанд.
Китобхонаи муассиса дорои беш аз панҷ ҳазор нусха адабиёти илмиву бадеӣ буда, мунтазам ба фонди китобхона адабиёти тозанашр ворид карда мешаванд.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






