Соли рушди сайёҳӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Соли рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иттилоъ дод.
«Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, — иброз намуд ӯ, — Дар ин замина, тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидааст, баргузор намудани чорабиниҳои зиёди сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.
Намоядагони сайёҳии мамлакат болидахотир аз он ҳастанд, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” — ро, ки пайравӣ аз таваҷҷуҳу дастгирии сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба душ гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои муҳташами сайёҳӣ аз ҷумла, санаи 3 феврали соли 2018 Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин рўзи 10 феврали соли ҷорӣ Ҳамоиш таҳти унвони “Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ” ва дар доираи он таъсиси марҳилаи якуми маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ, оғози татбиқи лоиҳаи “Минтақаҳои Тоҷикистон” маҳз таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккулу рақобатпазир гаштани маҳсулоти сайёҳии кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои муҳим андешида, як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ роҳандозӣ гардид, ки барои тараққӣ ёфтани соҳаи сайёҳии кишвар натиҷаҳои самаранок ба бор оварда истодааст.
Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусиву соҳибкорӣ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки заминагузори соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри босамар татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тадбирҳои судбахш андешида, бобати баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум аз тамоми имкониятҳои мусоид васеъ истифода менамояд.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






