Табақи чӯбин танҳо бо заҳмати дасти инсони ҳунарманд пайдо мегардад — бардошт аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Восеъ

Февраль 6, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 06.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои дастӣ баргузор гардид. Дар он намунаи ҳунарҳои дастӣ, аз қабили нақшдӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, зину афзор ва таомҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуд.

Гӯшае аз ин намоишгоҳро маҳсули дасти ҳунарманд Шариф Зарифов, ки аз зину афзори гуногун барои асп иборат буд, ташкил дод.  Шариф Зарифов аз зумраи ҳунармандонест, ки баъди танаффуси чандинсола ба ҳунари аҷдодӣ рӯ овардааст. Тавре номбурда иброз дошт, гузаштагони ӯ дар сохтани зину афзор барои асп дар ин минтақа аз ҳунармандони номдор ба шумор мерафтанд. Баъди эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Шариф ба қароре омад, ки ҳунари аҷдодиро идома диҳад ва дар рушди он саҳми худро гузорад.

Яке аз ҳунарҳое, ки аз замонҳои дур то имрӯз аз насл ба насл гузашта омадааст, табақтарошӣ мебошад. Офаридани табақҳои гуногун кори осон набуда, басо мушкилу заҳматталаб аст. Вале бо вуҷуди ин нафароне ҳастанд, ки бо муҳаббати зиёд пойбанди ин ҷодаанд. Аксари сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ин шуғлро пеша кардаанд. Усто Раҷаб сокини деҳаи Осмонбикаи ҳамин ҷамоат аз ҳунармандоне буд, ки табақҳои гуногуну зебои сохтаи худро ба намоиш гузошт.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити кунунӣ табақи чӯбӣ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ то ба ҳол маъмул буда, ҳаҷму андоза ва шакли гуногун дорад. Онро дар дастгоҳҳои махсус ё бо даст метарошанд. Табақҳоро аз анвои гуногуни чӯб, аз ҷумла, чӯби бед, чормағз, тут ва зардолу метарошанд. Яъне, табақи чӯбин танҳо бо заҳмати дасти инсони ҳунарманд пайдо мегардад.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аз намоиш дидан карда, ба кори дастии ҳунармандони маҳаллӣ баҳои баланд гузоштанд. Ҳамзамон ба хотири боз ҳам рушд ёфтани ҳунари онҳо маслиҳатҳои муфид дода, барои дастгирии ҳамаҷониба ба онҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Февраль 6, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид