ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Дар Боғи Ирам фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мешавад

Февраль 28, 2018 10:37

ДУШАНБЕ, 28.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон  дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе нахустин Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.
Фестивал бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки иди Наврӯз қадимтарин ҷашни тоҷикон ҳисобида шуда, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки 19 феврали  соли  2010  Маҷмаи умумиӣ СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамасола рӯзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

 

Февраль 28, 2018 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид