ТУРИЗМ — РУТБАИ СЕЮМИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ БАЪД АЗ САНОАТИ НАФТ ВА АВТОМОБИЛСОЗӢ. Табиати Тоҷикистон барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоид аст
ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувор дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, дар он бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 хеле бамаврид аст. Зеро табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин бора корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ Аҳмадхон Фозилов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ибрози ақида намуд.
Ба андешаи номбурда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Мақсад аз эълон гардидадни Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он иборат аст, ки мо тавонем ҷумҳурии азизамонро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва дар навбати дигар сармояи хориҷиро ҷалб созем.
Аҳмадхон Фозилов мегӯяд, ки аҳамияти муҳими рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, дар ҷанбаи иқтисодии ҷомеа назаррас мебошад, зеро соҳаи туризм боиси афзоиши сарват ва рифоҳи аҳли ҷомеа мегардад. Дар давлатҳои тараққинамудае, ки соҳаи туризм рушд кардааст, он барои пешрафти соҳаи иқтисодии ҷомеа ва имкониятҳои зиндагии мардум нақши муҳим бозидааст. Сайёҳӣ соли 2000 рутбаи сеюми иқтисоди ҷаҳонӣ баъд аз саноати нафт ва автомобил гардид. Аз ин рӯ, соҳаи сайёҳӣ дар ҳоле, ки хусусиятҳои гуногун ва рӯ ба рушд дорад, метавонад яке аз соҳаҳои пешрафта дар ҷумҳурӣ гардад.
Ба нақли номбурда, дар Тоҷикистон бисёр намудҳои туризм, аз ҷумла, туризми мавсимӣ, кӯҳнавардӣ, шикорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию маросимӣ, варзишӣ ва обӣ мавҷуд мебошанд. Яъне шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Дар айни ҳол аз рӯи ҳисоботи омории соли 2017, зиёда аз 411 ҳазор нафар сайёҳон аз хориҷи мамлакат ба мамлакати биҳиштосои мо ташриф овардаанд.
Ба назари ҳамсуҳбат, яке аз масъалаҳое, ки ба рушди соҳа мусоидат менамояд- ин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои таърихӣ ва манзараҳои афсонавии ҷумҳурӣ мебошад. Дар баробари ин бояд ширкатҳои сайёҳии ватанӣ корро ба таври густурда ба роҳ монанд. Аз ин рӯ, шароит фароҳам овардан зарур аст, ки мо бо ҳар роҳу восита тавонем тавассути ширкатҳои сайёҳӣ мавзеъҳои зебо ва таърихии минтақаи Хатлон, Турсунзода, Норак, Муъминобод, Шаҳринав, Файзобод, Ромит, Айнӣ, мавзеи Сари Хосор, Маҷмааи лижаронии сайёҳии «Сафеддара» ва дигар минтақаҳои Тоҷикистонро ба сайёҳон шинос намоем.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон метавон сайёҳии пиёдагардиро ривоҷ дод. Сайёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои сайёҳати инфиродӣ буда, нисбатан арзон ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин навъи сайёҳӣ дар мамлакати мо солҳои охир рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Коршиносон иброз медоранд, ки Тоҷикистон бо табиати зебову нотакрор, мавзеъҳои аҷоиби табиӣ ва таърихӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ шароити мусоид дорад.
Чуноне ки мебинем, дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон ва мавзеъҳои таърихии ҳифзшаванда (мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо) объектҳои сайёҳие ҷойгир шудаанд, ки аз ҷиҳати арзиш ва аҳамияти табиию экологӣ хеле назаррас мебошанд.
Ба гуфтаи Аҳмадхон Фозилов ин мазвеъҳо ҷиҳати рушди тафреҳот ва масоили экологӣ дурнамои хуб доранд ва бо таъминоти сайёҳии экологӣ дар мавзеъҳои Ховалинг, Даштиҷум, Сари Хосор, Танобчӣ, Чубек, сайёҳӣ доир ба ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ зиёратгоҳҳо, аз қабили шаҳракҳои Мунк, Тоилиёт, Чолтов, Сайёд, Ҳулбук; Кӯлоб, Муъминобод, Масҷиди Шоҳи Хомӯш, «Чилдухтарон»-и Муъминобод, «Чилчанор»-и Ховалинг, мамнӯъгоҳи Сари Хосор, мавзеи таърихии Эмом Аскарии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, зиёратгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, мақбараҳои Домулло Икром, Мавлоно Обиддин, Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ, Хоҷаи Нур, Хоҷа Мӯъмин, Хоҷа Сартез, Шайх Муҳаммадамони Валӣ, Шақиқи Балхӣ ва дигарон мавҷуд мебошанд. Сайёҳӣ ва туризм дар ин объектҳо бояд ҳарчи бештар ба роҳ монда шаванд, то ин ки сайёҳон бо таъриху тамаддуни мамлакати мо амиқтар шинос шаванд. Арҷгузорӣ ба гузашта, ҳисси меҳанпарастӣ ва худшиносии миллию ҳувияти миллӣ ва поси хотир доштани бузургони аҳли илму маърифати мамлакатамонро дар назди ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, хизматрасонияшон мувофиқи мақсад аст.
Дар мисоли туризми сайёҳӣ Аҳмадхон Фозилов ибрози ақида намуд, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, махсусан дар Бадахшон ва Хатлон туризми кӯҳӣ ва кӯҳнавардиро ба роҳ мондан зарур аст, чунки манзараҳои дилфиреб ва шароити зебои ин минтақаҳо ба сайёҳон рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.
Дар Сафеддара туризми зимистона ва лижаронӣ фаъолият мекунанд, ки барои сайёҳони дохилӣ аз тамоми манотиқи Тоҷикистон шароити хуби истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамин тариқ, иддае аз коршиносон мушкилоти фаннии соҳаи туризмро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ менамоянд. Аз ин рӯ, барои рушди соҳаи туризм мо бояд роҳҳои мошингарди хуб ба ҳамаи самтҳои сайёҳии мамлакат, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳои миллӣ ва замонавӣ омода намуда, бо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ муносибати хуб карда, мутахассисони ботаҷрибаи сайёҳӣ ва донандаи якчанд забони хориҷиро омода намоем.
Масъалаи мубрами имрӯзаи сайёҳӣ ба назари Аҳмадхон Фозилов, аз он иборат аст, ки барномаҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ, харитаҳои географии гуногун тартиб дода шаванд, то ки сайёҳон мувофиқи хоҳишу имконият ва талаботи худ ҷой ва мавзеъҳои даркориашонро интихоб намоянд. Онҳо бояд хатсайрҳоро то ҳадди имкон мувофиқи хоҳиши худ тартиб диҳанд. Ба ғайр аз ин, дар танзими хатсайрҳо ба сайёҳон рекламаҳо нақши муҳим мебозанд, ки ширкатҳои сайёҳӣ бояд ин корро ба анҷом расонанд. Чунин фаъолиятнокӣ ва босамарии кор метавонад сайёҳони зиёдро ҷалб намояд ва онҳо бевосита ва бо майлу хоҳиши том мавзеъҳои дорои чунин шароитро барои истироҳату саёҳат интихоб намоянд.
Ҳамзамон барои ҷалбу таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат бояд ташвиқу тарғибот ва рекламаҳои сифатан хубу дилкаш ва зебову ҷолиби инъикоскунандаи манзараҳои табиӣ, макону мавзеъҳои таърихӣ ва замонавии ҷумҳуриро тавассути ахбори омма равнақ дод. Барои ҳамин ҳам дар маркази ширкатҳои сайёҳӣ, нуқтаҳои ҷолиби сайёҳӣ созмон дода шуда, таъсис додани мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзиҳо, зардӯзиҳо, наққошиҳо, кандакориҳо, маҳсулоти заргарӣ, матоъҳои гулбаст ва ғайраҳо мувофиқи мақсад мебошанд. Чунин ҳунарҳои мардумӣ боиси муаррифии таърих ва фарҳанги миллӣ ба сайёҳон хоҳад гардид.
«Рушду инкишофи ин соҳа барои мо ва дӯстдорони таъриху фарҳанги тоҷикон ифтихору имтиҳони ҷиддиест, ки бояд аз уҳдаи ривоҷу равнақ ёфтани он баромада тавонем»,-хулоса намуд Аҳмадхон Фозилов.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»