Вазири фарҳанг: «Дастурамали либосҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дорад»

Февраль 8, 2018 17:05

ДУШАНБЕ, 8.02.2018. /АМИТ «Ховар/. «Дастурамали либосҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дошта, бо мақсади баланд бардоштани одоби либоспӯшии шаҳрвандон ва тарғиби либоси миллӣ таҳия гардидааст. Он дар ояндаи наздик дастраси ҳамагон хоҳад шуд. Ин матлабро 7 феврал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Ҳамчунин Вазири фарҳанг изҳор дошт, ки корҳои ҳуҷҷатгузории номинатсияи ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» тавассути гузаргоҳи «Амударё» ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ба дафтари ЮНЕСКО дар Париж ирсол карда шуд.

«Корҳои тармим ва барқарорсозии девори шарқӣ ва шимолии Қалъаи Ҳулбук, ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, барқарорсозии ҷузъии Қалъаи Ҳисор оғоз гардида, мақбараи Хоҷа Аюби Ансории ноҳияи Ховалинг, мақбараи Хоҷаи Заррини  ноҳияи Данғара, Муғтеппаи шаҳри Истаравшан,  Мадрасаи Абдуллохони шаҳри Исфара, Қалъаи Вамари ноҳияи Рўшон шурӯъ шудаанд»,- иброз намуд Шамсиддин Орумбекзода.

Зикр шуд, ки Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи шоиста таҷлил намудани 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баргузории барномаҳои зиёди фарҳангиро  роҳандозӣ намудааст.

 

Февраль 8, 2018 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард