ДИДАМ ИН ҶО ГАРМРӮӢ, МЕҲРҶӮӢ, ДӮСТХОҲӢ…Бозтоби сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Бо тамоми дӯстони дӯстхоҳ,
Меҳри мо бо роҳи дилҳо мерасад
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 9-10 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 27 созишнома, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро фарогиранд, ба имзо расиданд. Сафари мазкур пас аз 27 соли соҳибистиқлолии ду кишвари ҳамҷавор нахустин сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон буда, аз ҷониби коршиносон таърихӣ ва аз бисёр лиҳоз ба манфити халқҳо ва давлатҳои ҳарду кишвар ҳисобида шуд. Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ВАО-и дохилию хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардида, аз ҷониби бисёр коршиносон пурсамар ва натиҷабахш унвон шуд.
Аз ҷумла, сафари Шавкат Мирзиёевро ба Душанбе Sputnik ба таври васеъ бо аксҳои ҷолиб инъикос намуд. Ин расона дар матлабе зери унвони «Яхҳо об шуданд: раводид миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор карда шуд» менависад: «Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон раводид бекор карда шуд. Шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя метавонанд дар ҳудуди давлатҳои ҳамдигар 30 рӯз бе ягон иҷозатнома будубош кунанд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни ҳарду кишвар 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, молия, нақлиёт ва транзит, кишоварзӣ, обу энергетика, андоз, гумрук, туризм, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона шудаанд.
Расонаҳои хабарии Ӯзбекистон, бахусус Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА»сафари мазкурро ҳамаҷониба, бо мавод ва аксҳои ҷолиб инъикос кард. Ин агентии иттилоотӣ дар мақолае зери сарлавҳаи «Ӯзбекистон-Тоҷикистон: Саҳифаи нави ҳамкорӣ дар асоси арзишҳои умумӣ ва анъанаҳои ҳусни неки ҳамҷаворӣ» натиҷаҳои сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон пурсамар баҳо дод. «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷониба ва таҳкими муносиботи шарикӣ қатъиян ҳавасманданд. Ҳамкории дуҷониба вусъат меёбанд ва муколамаи созандаи сиёсӣ ба роҳ монда мешавад. Барои таҳкими робитаҳо дар сатҳи олӣ тадбирҳои муҳим андешида шуданд»,- менависад АМИӮ.
Радиои «Озодӣ» ва радиои Би-би-Си бо хабару гузоришҳои васеъ ва аксу видеоҳо сафари давлатии Президенти Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон инъикос намуда, инчунин андешаҳои коршиносону ходимони фарҳангро доир ба ин сафар нашр карданд. Аз ҷумла, «Озодӣ» дар маводи «Истиқболи маҳофили коршиносӣ аз натоиҷи сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон» чунин менависад: «Аксари ҳамсуҳбатони Радиои «Озодӣ» музокироти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёвро ҳодисаи таърихӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, ин таҳаввулот, пеш аз ҳама, ба манфиати ҳарду кишвар мебошад. Бархе ин ҳодисаро “тақдирсоз” унвон кардаанд. Дар миёни дастовардҳои муҳими музокироти баландпоя — лағви раводиди сафар барои будубоши 30-рӯза ва роҳандозии савдои наздимарзии молу маҳсулот гуфта мешавад».
Дар идомаи матлаб расона андешаҳои коршиносонро меорад: «Яке аз тавофуқоти калидии сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумак дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст. “Муҳим ин аст, ки дар гузашта тарҳи неругоҳи Роғун дар пажӯҳишгоҳҳои шӯравии воқеъ дар Тошканд таҳия шуда буд. Ба ин тартиб, Ӯзбекистон аз суду зарари ин неругоҳ ба хубӣ иттилоъ дорад. Ин худ заминае хубест барои ҳамкории ду кишвар дар тарҳи неругоҳи Роғун».
Дар баробари расонаҳои хабарӣ, коршиносону аҳли зиё ва умуман сокинони ҳарду кишвар аз истиқрор ва рушди муносибатҳои ду давлати дӯсту ҳамҷавор ва ду халқи бародар истиқбол карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои худро ба ҳар шакл навиштаанд.
Яке аз коршиносони шинохтаи соҳаи иқтисоди Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова равобити мутақобилаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ карда, менависад: «Ҷанбаҳои мусбати ин муносибот имкон медиҳанд муносиботи тиҷоратиро бо кишварҳои сеюм ба роҳ монд. Масалан бо Афғонистон. Ворид намудани маҳсулоти Ӯзбекистон ба Афғонистон тавассути барномаҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз ба соҳибкорони тоҷик имконоти нав фароҳам меорад, ки ба рушди соҳа мусоид аст».
Nigina Ikromova дар саҳифаи ФБ-и худ менависад: «Ин лаҳзаҳои хотирмон, ки имрӯз дар саҳифаи нави таърих сабт гардид, ҳар як фарди ин ду кишварро хушбахт гардонид. Расидан ба муштоқи дидори ҳамдигар баъд аз 27 сол».
Исмоил Зарифӣ навиштааст: «Бояд имрӯзро «Рӯзи дӯстӣ» номид. Соатҳо ва дақиқаҳо паси сар мешаванд ва имрӯз низ дӣ мешавад, вале имрӯз дар саҳфаи таърих бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Имрӯз барои ду миллат беҳтарин рӯз аст. Хуб мебуд ин рӯз ҳамасола бо иштироки аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон чун «Рӯзи дӯстӣ» таҷлил мегардид.
Шоир Ниҳонӣ (Рамазон Раҳимзода) низ аз дубора дар сатҳи сифатан нав баромадани муносибот бо кишвари дӯсту ҳамҷавор-Ӯзбекистон илҳом гирифта, дар ситоиши сиёсати созандаи сарони ду давлат достон навиштааст:
(Вақте илҳом омад, намепурсад, ки ту чӣ вазифае дорӣ?)
Зи нав таърих эҳё шуд, ҳама дунё гулистон шуд,
Ки як халқу ду миллат боз бо як аҳду паймон шуд.
Идома дӯстӣ моро бас аз аҳди куҳан бошад
Ва пайванд Ӯзбекистон ба ҳам бо Тоҷикистон шуд.
Бухороро мақоми Бохтар мафтун кунад имрӯз,
Хуҷанди бостон рамзи Самарқанди ниёгон шуд.
Бикарда риштаҳомон коркарди пахтаҳо пайванд,
Зи Қӯқанди куҳан маҳкам равобит то ба Раштон шуд.
Миёни ин ду миллат баъд аз ин ҳарфи ҷудоӣ нест,
Раҳи оҳан зи Тирмиз то ба Хатлон боз гардон шуд.
Давоми Роҳи Абрешими Чин аст атласу адрас,
Паёми водии Фарғона то марзи Зарафшон шуд.
Чу хатсайри Душанбе — Тошканд имрӯз бикшода,
Фазои ҳарду кишвар, бингар, акнун моҳи тобон шуд.
Русуму урфу оин, одату фарҳанги мо як ҳаст,
Басо ду лафзу як маънӣ, чӣ арзишҳо намоён шуд.
Масири дӯстӣ бо шоирону носирон равшан,
Зи Ҷомию Навоӣ хонаи осор эҳсон шуд.
Зулайхову Юсуф дар Ҷомӣ аз ушшоқ мегӯянд,
Ҷаҳон Лайливу Маҷнуни Навоиро санохон шуд,
Агар Ҳофиз гузар созад Самарқанду Бухороро,
Ду сарқанду ду хурмояш, бубинад, зеби дандон шуд.
Ҳабиби Шоҳи Зинда – Мир Сайиди Ҳамадонӣ,
Дари фарҳанг эҳё аз барои аҳли ирфон шуд.
Чи бахте, Панҷрӯд акнун бишуд ҳамбол бо Ургут,
Куҷо он Рӯдакӣ гӯяд асо пайванди анбон шуд.
Як обу як ҳавову як замин, як осмон дорем,
Расадгоҳи Улуғбек, Боми дунё чашми кайҳон шуд.
Зи оби ноби дарёҳо биошомида мо бо ҳам,
Зи Ноби Нораку Роғун чароғи ҳарду рахшон шуд.
Навои мутрибон рахшон фазои ҳарду кишвар кард,
Садои шашмақому карнаю даф боз чандон шуд.
Кунад ин дӯстӣ дур аз диёр озурдаҳолиро,
Баҳои халқ ин малҳам ба ҳар як дард дармон шуд.
Гузаргаҳҳо кушода, дӯстиҳоро барафзуда,
Бидида ин ҳама ҳар як зи шодӣ балки гирён шуд.
Нишоти кӯдакон карда ҳавои тираро равшан,
Гулу боғу чаман тоза зи файзи абри найсон шуд.
Баробар мушкилоти марз акнун ҳаллу фасле ёфт,
Санадҳои ду Садр иҷро ҳама аз рӯи виҷдон шуд.
Ҳама хешу табор астанд аз авлоди аҷдодӣ,
Раводид аз миён рафт, омаду рафт амру фармон шуд.
Физояд гардиши молу тиҷорат, пулу ҳам асъор,
Ҳама маҳсул арзон шуд, барори кори деҳқон шуд.
Санадҳо ҷумла омода барои рушди ду кишвар,
Ҳаме имзои ҳуҷҷатҳо ба рӯи даҳр эълон шуд.
Кушода роҳҳо, пулҳо ба чор атроф бас озод,
Саразмо, сайри сайёҳон зи марзат то Бадахшон шуд.
Яқин, ҳамсояи наздик бошад беҳ зи хеши дур,
Накӯкорию сулҳу меҳр, бин, аз рӯи Қуръон шуд.
Миёни ин ду миллат оташи кин душман афрухта,
Баду бадхоҳ, бин маҳви асои дасти чӯпон шуд.
Зи ин иқдомҳо коми рақибон талх мегардад,
Ки ёрон шодмон, дар лонаи бадхоҳ исён шуд.
Пазируфтанд паймони бародархалқро яксар,
Дуъо гуфтанд мардум, оқибат навмед шайтон шуд.
Ба бӯву накҳати Наврӯз ду миллат ба ҳам омад,
Чу тӯй ин шодии мардум аҷаб таърихи даврон шуд.
Ғами дил дар миёни мардуми одӣ намонд акнун,
Ҳаме пайванди дилҳо ин ҳама аз баҳри инсон шуд.
Самимона бигӯем: «Хуш келибсиз, эй азиз дӯстлар!»,
Ба ҳамдигар ду миллат оқибат меҳмону мизбон шуд.
Ниҳонӣ, рост гӯ, кӣ шуд сабабгори ҳамин иқдом?
Мададгар Садри ду кишвар ба амру назри Яздон шуд.
Хиромон Неъматзода менависад: «Хушбахтона, имрӯзҳо муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаанд. Умедворам равобит боз ҳам беҳтар хоҳад шуд ва раводид байни ин ҷумҳуриҳо бояд бардошта шавад». Шеъри Хиромон Неъматзода дар партави сафари давлатии Ш. Мирзиёев ба Тоҷикистон:
Ёрам аз шаҳри Самарқанд биё,
Кони шеъру масалу панд, биё.
Эй ту шаҳду асалу қанд, биё.
Эй, ки ҷонам ба ту пайванд биё.
Ҳама чун рӯҳи Масеҳо суханат,
Мешукуфам чу гуле аз чаманат,
Лек метарсам аз ин дурию паймоншиканӣ,
Хати батлони ҷудоӣ бишикан,
Ҳама сарҳад бишикан.
Бас, ба гӯшам ту мадеҳ панд биё.
Бе Бухоро чу бухор аст дилам,
Бе ту эй ёри самарқандӣ шуда комам талх.
Бе каломи ту дилам зиндон аст,
Бас, марав шаҳри Фаранг.
Ки ба дунёи дуранг,
Ишқи мо рангоранг.
Балху Табрезу Хуҷанд
Ёрам аз шаҳри Самарқанд биё,
Бас, мадеҳам ту дигар фанд, биё,
Дурӣ заҳр аст ба мо чанд, биё.
Порсигуфторам.
Чун туи хонаи умеду гули ашъорам,
Асрҳо мунтазирам,
Эй шакаргуфторам.
Ту ҳама осорам.
Суханат шаҳду шакаррез бувад,
Лафзи ширини ту аз баски дилангез бувад.
Ориёӣ туию ман ҳама аз ғам орӣ,
Ту ба ман кун ёрӣ.
Ёрам аз шаҳри Самарқанд биё,
Чанд ман мунтазирам, чанд, биё.
Бо саманди бодпо, хатлихиром,
Бо дили гарму ба лабханд биё.
Кони байту ғазалу панд, биё!
Ҳамзамон омӯзгори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Муҳтарама Холова як шеъри нави худро бо номи «Тоҷику ӯзбек дӯстони қарин» ба АМИТ «Ховар» фиристодааст, ки чунин аст:
Аз қадим тоҷику ӯзбеканд дӯстони қарин,
Ҳамчу ёрони азизу босахою беҳтарин.
Аз қадим пайваста бо ҳам дар ҳаёту зиндагӣ
Наслҳое зодаанд, ширинзабону беҳтарин.
Аз қадим дар байни эшон аҳду паймон будааст,
Якдиливу якмаромӣ дарду армон будааст,
Аз қадим тоҷику ӯзбек ҳамчу хешу ақрабо.
Доимо меҳмони наздик дар сари хон будааст.
Ҳам ба фарҳангу тавориханд ҳамранги дигар,
Ҳам ба расму оинанд доим пайванди дигар.
Шоирони «золисонайн» аз аввал буданд зиёд,
Шеърҳои дузабона ҳамчу як ширу шакар.
Мир Алишери Навоӣ, Ҷомии ширинбаён,
Якдилии ин ду шоир — ифтихори тоҷикон.
Тоҷику ӯзбекро наздик созад то абад,
Аз қадим бошад далели дӯстии ҷовидон.
Сарварони ин ду миллат қаҳрамонони замон,
Боз аз нав зинда гардонидаанд расми каён,
Чун Алишери Навоӣ, Ҷомии даврони нав,
Шӯҳрату дӯстияшон овозаи рӯйи ҷаҳон.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки зимни он мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифт, дар таърихи муносиботи ду давлат саҳфаи нав боз намуд.
Рӯйдоди муҳим, ки бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” мебошад. Инчунин дар натиҷаи созиши ҷонибҳо тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бе мамониат рафтуомад мекунанд.
Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»