ЁДГОР САЪДИЕВ, СОКИНИ ШАҲРИ САМАРҚАНД: «ХАЛҚИ ТОҶИК БУЗУРГ АСТ, ЗЕРО ОН УСТОД РЎДАКӢ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДОРАД»

Март 5, 2018 14:43

ДУШАНБЕ, 05.03.2018./АМИТ “Ховар”/.  1 март дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон 6 гузаргоҳ дубора боз шуд. Дар тантанаҳои ифтитоҳи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон баробари сарварони вилоятҳову ноҳияҳои ҳамсарҳади ҳарду кишвар, ҳамчунин аз ҳарду ҷониб инсонҳои барўманду шахсиятҳои шинохта ҷамъ омада буданд. Дар ин бора нависанда ва публисист, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон РАҲМАТЗОДА ба АМИТ “Ховар” чунин изҳори назар намуд:

…Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм дар марзи Панҷакент бо Самарқанд кушода шуд. Ҳозирин ҳама такрор ба такрор изҳор менамуданд, ки марзи байни ду халқи дӯсту бародари тоҷику ӯзбек дигар ҳеҷ гоҳ баста нашавад. Яке аз ин иштирокдорон, ки корманди соҳаи фарҳанги вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон Ёдгор Саъдиев буд, ҳангоми суханронии шодбошии хеш чунин изҳор дошт: «Миллати тоҷик аз он рў ифтихор дорад, ки сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс — устод Рўдакӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад. Ин шахсиятҳои бузург барои сокинони ҷумҳурии мо низ азизанд ва дар ҳар хона сурати Пешвои миллат нуру сафобахши хонадон аст…».

Мусаллам аст, ки устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ шаҳодатномаи миллати мост ва тавассути эҷодиёти ў ҳам сулолаи Сомониён машҳури  олам гардиду ҳам номи халқи тоҷик, забони шево ва биҳиштии ноби дарии тоҷикӣ ба маснади давлатӣ баромад ва ҷовидонӣ гардид, ҳам адабиёти беназири тоҷикӣ дар қаламрави забони густурдаи замони шукўҳманди сомониён ба дараҷае расид, ки ҳазорсолаи дигар аз пешқадамтарин дар олам маҳсуб мешуд. Албатта ёздаҳ аср инҷониб ситоиш кардани устод Рўдакӣ барҳақ аст.

Барои мардуми тоҷику ӯзбек, ки асрҳои аср паҳлӯи ҳам зиндагонӣ карда, дўстию рафоқаташон дар тўли таърих таҳким ёфтааст,  боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҳамсоякишвар воқеаи калони таърихӣ гардид. Яке  аз асоситарин омилҳои боз шудани сарҳад ва беҳ шудани муносибатҳо байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бидуни шубҳа талошҳо ва сиёсати “дарҳои боз”-и Пешвои миллати тоҷикон аст. Аз  сӯи дигар  дидгоҳи дурандешона ва роҳкорҳои тозаи сиёсии Сарвари нави Ҷумҳурии Ўзбекистон низ барои шикастани қолабҳои қаблии хушунатбор заминаи мусоид фароҳам оварданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳатто дар замони сиёсатҳои сарди маъмурони пешини ҳамсоякишвар низ равзанаи тафоҳумро ба рӯи онҳо боз гузошта, хостори таҳаввули муносибатҳои давлатӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд.

Ба тамоми монеъаҳо нигоҳ накарда, дар лаҳзаи мусибати азим Роҳбари муаззами давлати Тоҷикистон бо самимияту ҷавонмардии ба худ хос дар паҳлуи мардуми узбек қарор доштанд. Дар асл ҳамин амали Пешвои миллат ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмию дўстӣ моил сохт ва минбаъд барои тадриҷан беҳтар шудани муносибатҳои ҳамкорӣ нақши муҳим бозид. Маҳз дар заминаи ҳамин гуна дидгоҳи хайрхоҳона ва оянданигарона доштани роҳбарони давлатҳои минтақа имконпазир аст, ки мушкилотҳои муштараки ин кишварҳо ба тадриҷ рафъ карда шаванд.

Боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон яке аз падидаҳои умедбахш дар ин ростост. Вақте садди сарҳадҳо боз гардид, гурўҳ-гурўҳ ба пешвози якдигар омадани аҳли оилаҳо, хешу таборҳо, ҳаммаслакону ҳамкорони пешина, соҳибкорону одамони касбу кори гуногун шаҳодати он буданд, ки мардуми тоҷику ӯзбек дар воқеъ муштоқи ҳамдигаранд, балки чун бародаранд.  Онҳо  ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифта, сари дастархони идонаи баҳорӣ ва наврўзӣ нишастанд ва бо самимият бо якдигар суҳбат менамуданд.

Мўйсафеди 100-сола, сокини ноҳияи Панҷакент, пири муҳтарам Лутфулло Сироҷев иброз дошт, ки духтарашро 20 сол инҷониб бо набераҳояш ба серӣ надидааст. Вай бо ашки шашқатор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Давлати ба мо бародар Шавкат Мирзиёев арзи сипос намуда, дасти дуо бардошта дуо мекард, ки пояндаву абадӣ бод давлати соҳибистиқлоли мо бо сарварии Ҷаноби Олӣ ва ҷовидону қавитар бод дўстии мардуми тоҷику ӯзбек!

Боиси хурсандист, ки ба тадриҷ роҳҳои фазоиву нақлиётгарди байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки солҳои тӯлонӣ баста шуда буданд,  аз нав боз мегарданд. Ҳамчунин дар асоси мувофиқаи ниҳодҳои марбутаи кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон корҳои барқароркунии роҳи оҳани Амузанг аллакай ба анчом расидааст.

Пайванд кардани ин хатсайрҳои гусаста, ки боиси рафтуои мардум, содироту воридот ва густариши равобити дуҷонибаи кишварҳои мо мегарданд,  бидуни шубҳа метавонанд заминаи  гироиши бештари мардуми тоҷику ӯзбекро матраҳ карда, ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи байнидавлатии мо мусоидат намоянд. Эҳёи муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз он ҷиҳат осон аст, ки мардуми ҳарду кишвар ин гуна ҳамкориҳоро истиқбол мекунад,  зеро боз интизори чунин таҳаввулоти сиёсӣ буданд. Кӯшишҳои роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои эҳёи муносибатҳои қаблии байнидавлатӣ бешак аз ҷониби мардуми ҳарду кишвар хуш пазируфта шуда, ҳамзамон дар робита ба ин амалкарди дурандешонаи сиёсӣ  имиҷи онҳо низ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон боло хоҳад рафт.

Миллатҳое, ки дар баробари  ҳифзи асолату вижагиҳои миллии худ ҳамзамон бо дигар миллатҳо умумияту қаробати фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо мисли миллатҳои тоҷику ӯзбек кам метавон  миллатеро  вохӯрд, ки аз лиҳози равониву ахлоқӣ, урфу одату анъана ва шеваи зиндагӣ ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Ин ду миллат дар масири таърихи тӯлонии ҳамзистии худ он қадар аз ҳам таъсир пазируфтаанд, ки дигар на фақат дар куллиёт, балки дар ҷузъиёти шеваи зиндагиашон низ тафовуте боқӣ намондааст.   Аз ин аст, ки намояндагони ин ду миллат дар пасманзараи сиёсатҳои мутаноқизи замон ҳамеша нисбат ба якдигар аз лиҳози отифӣ тамоил доштанд ва ҳеҷ гуна марзеро дар равобити мустақиму мудовими худ қабул намекаранд.   Фазои андешаи қишрҳои ғайрисиёсии ҷомеа ва мардуми одӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тафовут аз фазои қаблии сиёсии аҳёнан сарду буғранҷи ин кишварҳо ҳамеша гарму офтобӣ буд. Маҳз аз шарофату баракати ин равшанӣ феълан роҳи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии сиёсии  Тоҷикистону Ӯзбекистон бо илқову иршоди  роҳбарони дурандеши ояндабини ин ду ҳамсоякишвар  дарёфт карда шуд, ки он метавонад барои ҳарду кишвар ва барои ҳарду миллат муфид ва саодатовар бошад.

Бисёр рамзист, ки дар аксари гузаргоҳҳои сарҳадӣ маросими расмии ифтитоҳ рўзи якуми фасли баҳор ба вуқўъ омад ва ин рамз ва фоли неке аст, ки баҳори дўстии ду халқи қадимаю ҳамсоя абаддуддаҳр меваҳои шаҳдбор хоҳад дод ва мардуми муштоқи ҳарду сӯи сарҳад, хешону наздикон, пайвандон  ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо хоҳанд кард.

 

Март 5, 2018 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?