БУНЁДИ «РОҒУН» — БУНЁДИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло пас аз сафараш ба майдони сохтмони ин иншооти азим

Апрель 17, 2018 17:48

ДУШАНБЕ, 17.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли равон нахустин агрегати НБО «Роғун» ба кор медарояд. Барои ба ин рӯзи таърихӣ ва шодию нишот расидан имрӯзҳо дар сохтмони ин иншооти азим кор  беш аз пеш равнақ пайдо кардааст. Бинобар афзоиши суръати корҳои сохтмонӣ ҳоло дар ин корзори аср теъдоди бинокорону муҳандисон низ  нисбат ба як сол пеш қариб 2,6 ҳазор нафар афзуда, ба 18, 6 ҳазор нафар расидааст! “Ба ин сохтмони беҳамто наметавон бо чашми ҳайрат нанигарист”, — навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО, ки чанде пеш дар қатори як гурӯҳ аҳли илму адаб ва фарҳангу ҳунар    маротибаи сеюм меҳмони бинокорони ин неругоҳи азим гардид.

Пас аз боздид аз бунёдкориҳои сохтмони НБО-и «Роғун», пас аз гузаштани 70 км. нақбҳои қаъри кӯҳ, пас аз ба чашми худ дидани он ҳама кору пайкор ва заҳмату шуҷоат, агар тасвирнок гӯем, дидани он ки чӣ гуна одам оҳанро бо дасташ нарм месозад ва дар набарди нобаробар бар ғӯли кӯҳҳои сангин пирӯз мешавад, дидани ин ҳама ҷоннисориҳои садоқатмандона, дидани фарогирии ин ҳама корҳои мураккаб дар қаъри замин;  танҳо пас аз ин ҳама шояд шумо ҳуқуқ доред, гӯед, ки ман бунёдкориҳои «Роғун»-ро дидам.

Пас аз боздиди сеюмбора аз  ин сохтмони беҳамто, ба чашми мушоҳида ва андеша ва ҳайрат нигаристан ба ин ҳама зуҳурот чанд суоле дар андешаи ман пайдо шуд, ки пешорӯи шумо ҳам мегузорам ва аввалини он суолҳо ин буд: дар чунин шароити мураккабу душвор, ки аз инсон сарфаи тамоми ғайрату неруву тавоноии ӯро талаб мекунад, чӣ неруе роҳанамои онҳоест, ки  ҷоннисорона худро ба ин сохтмон задаанд? Муҳаббати Ватан? Бале! Садоқат ба Диёр? Бале! Андешаи ояндаи ободи кишвар? Бале! Аммо гумон мекунам, барои исботи ҷоннисориҳо ин далелҳо каманд.  Ин ҷо чизе ҳаст болотар аз ин ҳама. Шояд нанг аст? Ормон аст? Бале! Аммо боз ҳам чизе ҳаст, ки дар сухан намеғунҷад. Гумон мекунам,  дар ин амал посухе ҳаст чун ҷавоб ба тамоми торикиҳои ҳазорсолае, ки миллати мо дар он мезист, гумон мекунам, посухест чун ҷавоб ба ҳама ҷабрҳое, ки таърих бар сари халқи мо овардааст. Гумон мекунам ин аст, ки роҳи дигар   нест, магар аз шикофтани ин кӯҳҳои ҳазорон сол моро дар инҳисор нигоҳдошта, то роҳ ба равшаниҳои тақдир биёбем. Пайдо кардани худ, асли худ аз моварои ин ҳама сангҳост. Мо бояд аз он чи дорем, аз он чи  дар дастрасамон ҳаст, худро аз нав созему бунёд кунем. Худованди худ бошем, худро биофарем, ба он гунае, ки шоистаи мо  ва  таърихи мо бошад.

Дар бунёди НБО-и «Роғун» на фақат мушкилоти маблағ, мушкилоти мутахассисон, мушкилоти таҷҳизот ва хусусан агрегатҳо, мушкилоти садди кӯҳу харсангҳои азим, садди дарёи ваҳшии гапнодаро… боз мушкилоти садду бандҳои зиёди сохтаву сунъии сиёсиву иҷтимоӣ  пешорӯ омада буданд ва танҳо бовари мустаҳкаму қатъӣ, иродаи қавитару гаронтар аз ин сангҳову аз ин садҳо метавонист бо истодагарӣ ва амри виҷдон бар ин ҳама пирӯз барояд. Ва ин ирода дар шахсияти Пешвое зуҳур кард, ки  сарвари кишвари мост,   дар ҳиммату эътимоду боварии халқе, ки дар ин кишвар мезист.

«Роғун» сохтмони азимест, ки ҳанӯз солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо танҳо соли 1960 корҳои омӯзишии он оғоз гардида,  соли 1976  бунёдаш сар шуд. Аммо пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ бунёди ин сохтмон қатъ шуд. Бунёди ин иншоот ҳамон қадаре, ки барои Тоҷикистони шӯравӣ ҳаётан муҳим буд, бештар аз он барои Тоҷикистони соҳибистиқлол тақдирсоз гардид.

Иқтидори НБО-и «Роғун» пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё ба баландии 335 метр, ки дар ин ҷо имрӯз бунёд мешавад обанбореро ба вуҷуд хоҳад овард, ки 13,3  километри мукаабро фаро мегирад. Иқтидори  лоиҳавии НБО-и «Роғун» баробари се реактори ҳастаӣ буда, солона 17,7 миллиард  кВт соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки эҳтиёҷи  ҷумҳуриро ба қувваи барқ барзиёд таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 50 фоизи захираҳои оби баҳри Арал сарчашма мегиранд, ки аз ин миқдор танҳо 10 фоизи онҳоро худи мо истифода мебарем, боқимонда ҳама ба кишварҳои поёноб ҷорӣ гардида, бештар барои обёрӣ истифода мешаванд.

Баъд аз бунёди НБО-и «Роғун»  истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон як баробар афзуда, на танҳо талаботи аҳолӣ қонеъ гардонида мешавад, балки барои фурӯши зиёдатии он ба хориҷ аз кишвар низ имконият пайдо мегардад. Ба ғайр аз ин, агар пеш аз ин дар солҳои серобӣ дар тобистон зарур меомад, ки обҳои зиёдатӣ, ки аз онҳо  5-7 миллиард килловат -соат барқ истеҳсол кардан имкон дошт, ба беҳуда бароварда партофта шаванд, баъд аз бунёди НБО-и «Роғун» ин обҳо сарфа шуда, дар обанбори Роғун ҷамъ мешаванд.

Ҳанӯз дар ҳисоботи  Институти “Союзгипроводхлопок”-и Тошканд соли 1990 гуфта мешавад, ки сохтмони Роғун имконият медиҳад камбудии норасоии об дар ҳавзаи Амударё бартараф гардад. Ин ба манфиати миллии Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Имрӯзҳо аҳамияти иқтисодии сохтмони Роғун хеле бештар гардид, зеро барқе, ки аз он истеҳсол хоҳад шуд, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, яъне  беҳбуди вазъи иқтисодии  минтақа мусоидат мекунад. Ба замми ин Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда,  наметавонад беохир давом кунад.

Яке аз падидаҳои ҷолиби бунёди НБО-и «Роғун» обанбори бузурге хоҳад буд, ки бо гузашти солҳо бузургтар шудан мегирад ва барои мураттаб сохтани маҷрои об ва нигоҳ доштани сатҳи кифояи он барои кишварҳои поёноб ҳатто дар солҳои хушкӣ  аҳамияти фавқулода дорад.

Бунёди НБО-и «Роғун» танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи обрави Амударё таъмин мекунад. Зиёда аз ин имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 миллион гектар замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои зероб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Яъне  сохтмони Роғун   ҷавобгӯи талаботҳои миллии ҳам Тоҷикистон ва ҳам тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.

Имрӯз бунёди Роғун аҳамияти бештари иқтисодӣ пайдо мекунад, зеро заминаи мустаҳкаме барои бунёди саноат, сохмони корхонаҳои саноатӣ, яъне таъмини ҷойи кор ба ҳазорон нафар мегардад. Заминаи пайдоиш ва равнақу рушди саноати кӯҳӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мухталиф мегардад.

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ ба бунёди Роғун ҷалб карда шуд. Бонки умумиҷаҳонӣ  эсспертҳои (мумайизон) номдорро аз Франсия, Италия, Германия,  Швейтсария, Австралия ва дигар кишварҳо даъват намуд ва онҳо санҷишҳои техникиву экологӣ гузаронида, муайян карданд, ки сохтмони Роғун бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок аст. Дар хулоса ва ҷамъбасти асосноки омодашуда аз ҷониби ширкатҳои аврупоӣ кафолат дода мешавад, ки НБО-и «Роғун» метавонад ба Тоҷикистон 115 сол хидмат кунад.

Ҷолиб аст, ки дар бунёди Роғун кишварҳои гуногун ва худи халқи кишвар саҳм гузоштаву шарик шуданд ва ин боиси таваҷҷуҳи бештари мардум, қавитар гардидани робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ  хоҳад буд. Дар  натиҷаи таҳқиқот, маслиҳатҳо ва табодули таҷрибаву афкор мақсади асосӣ ҳосил шуд ва муайян гардид, ки сохтмони Роғун на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа  манфиатнок, бехатар ва зарур аст. Ва ин ҳама дар доираи ошкорову намоён дар пеши назари аҳли олам сурат гирифт, ки низ бешабеҳ аст.

Он нукта низ ҷолиб аст, ки пур кардани обанбори «Роғун», ки дар тӯли солҳо сурат мегирад, зиёне ба кишварҳои поёноб надошта, ба ҷараёни табии дарёи Вахш бетаъсир хоҳад буд. Обанбор аз ҳисоби ҳиссаи худи Тоҷикистон, аз миқдои обҳои иловагӣ ва дар солҳои серобӣ пайваста пур хоҳад шуд. Ин нукта низ бо ҳама кишварҳои ҳавзаи кӯли Арал мувофиқа карда шудааст. Аз ин рӯ, бунёди НБО-и «Роғун» ба касе зиён намеоварад, балки ба манфиати ҳамагон аст.

Ҳамаи мо — мардуми Тоҷикистон ва олам то ҳанӯз дар зери таъсиру таассуроти баста шудани пеши дарёи Вахш 29-уми октябри соли 2016 ҳастем. Дар ин руйдоди нотакрори таърихӣ аз ҳама ҷолиб он манзара буд, ки тӯли якуним соат Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар сари фармони булдозер ба ин набарди як ба як бо дарёи қайсару ваҳшӣ баромаданд ва новобаста  ба ҳама хатарҳое, ки дар ин набард дунболагири ӯ буданд, бо шуҷоату мардонагӣ ва камоли маҳорат пеши дарёро бубастанд ва аз соҳили чап  ба соҳили рост гузаштанд. Бо дасти худ, ҳатто метавон гуфт бо ҷисми худ пеши маҷрои дарёро бастани Президенти Тоҷикистон рамзҳои зиёде дошт, аз ҷумла рамзи пирӯзии халқи мо, истиқлолияти мо дар ин амал дурахшон таҷассум ёфт. Баста шудани пеши дарё оғози марҳилаи асосии бунёди НБО-и «Роғун» буд. Акнун дарё маҷрояшро дигар кард ва барои бунёди сарбанд  шароит фароҳам овард. Баъд аз ду соли баста шудани пеши дарё ва бардошта шудани дарғот ба баландии 100 метр ду агрегати аввал ба кор хоҳад даромад.

Акнун хушхабар ин аст, ки моҳи  ноябри соли равон аввалин агрегати НБО-и «Роғун» ба кор медарояд ва ин пирӯзии бемисли халқи тоҷик, истиқлолияи Тоҷикистон ва Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Ин маънои пирӯзӣ бар саддҳову мушкилоти гарон, кафолати боз ҳам боло бардоштани дарғот ва қудрати бештар пайдо кардани истгоҳи барқӣ мегардад.

Ба сохтмони дарғоти НБО-и «Роғун» 1 миллиарду 950 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, чунон ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2018 баён гардид, бо ин мақсад 5 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад.

Воқеан бояд гуфт, ки Роғун ба майдони шуҷоату ҷоннисориҳо, ба мактаби худшиносиву камолот, ба минбари баланди ифтихору пирӯзиҳои  миллати куҳанбунёду хайрхоҳи мо табдил ёфт. «Роғун» он ормони бузург ва наҷиби миллист, ки халқҳои кишвари моро ба ҳам овард ва барои расидан ба қуллаҳои мурод раҳнамо шуд. Ҳар нафаре, ки боре аз «Роғун» дидан мекунад, ин ҳама вусъати бузург ва ин ҳама заҳматҳои ватандӯстонаро бо чашми худ мебинад ва дармеёбад, ки дар ин сохтмони азими аср як рӯҳияи бузурги милливу ватандорӣ ҳукмрон аст. Ва ин беҳтарин муҳитест, ки ба ноумед умед, ба рӯҳафтода рӯҳияи баланд, ба ҷавонон зӯру ғайрату баландтарин эҳсосоти ватандориро эҳдо мекунад.

Бунёди «Роғун» мақсади наҷиби на фақат созандагони он аст, балки ормони баланди тамоми миллати некӯхисоли мост, зеро бунёди «Роғун» бунёди худи мо, миллати мо, фардои фурӯзони мо, исботи қавии ҳастии бегазанди халқи тоҷик аст.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

ходими адабии АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2018 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод