Дар Вашингтон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрели соли равон ҳайати Бонки милли Тоҷикистон /БМТ/ дар доираи сафар ба шаҳри Вашингтони ИМА бо намояндагони Ширкати консалтингии «NAVIGANT» машварати корӣ доир намуд. Зимни машварат масъалаҳои нақши муносибатҳои муросилатӣ ва имконияти барқарор намудани онҳо баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, машварати корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ — 2018 баргузор гардид.
«Зимни машварат Ҷ. Нуралиев махсусан таъкид намуд, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкӣ, балки ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва вазъи молии онҳо мусоидат менамояд, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд ҳавасманд мебошад», — омадааст дар хабари БМТ.
Иттилоъ дода мешавад, ки Директори Ширкати консалтингии «NAVIGANT» Еллен Зимилес оид ба хизматрасониҳои ширкат, таҳияи ҳисобот ва ташхис дар асоси маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳо, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар оянда мусоидат менамоянд, муаррифии муфассал пешниҳод намуд. Зимни муаррифӣ таваҷҷуҳи ҳозирин ба фаъолияти ширкат ва хизматрасониҳое, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ба бонкҳо замина фароҳам меоранд, ҷалб карда шуд.








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






