Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни якдигар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти кумитаи олимпии Ӯзбекистон, муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов дар доираи сафари корӣ ба Душанбе бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рӯзи чоршанбе бо муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд ва дар бораи ҳамкории доимӣ байни федератсияҳои футболи миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Роҳбарони ФФТ ва ФФУ нақшаи баргузор намудани вохӯриҳои дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби гуногуни футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ намуданд. Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти футболи занона, наврасон, футболи оммавӣ, тиббӣ, варзишӣ, таъминоти дастгирии илмӣ-техникӣ, тадрис, доварӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монанд.
Дар доираи сафари корӣ ба Душанбе Умед Аҳмадҷонов, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказист, бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 – ро байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алай»-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тамошо намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






