Истиқболи ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар Самарқанд

Апрель 21, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 21.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад.

Аз ҷумла, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи навро боз намуд.

Дар заминаи созишномаҳои баимзорасонидаи ҷонибҳо равуои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар осон шуда, муносибатҳои дӯстона рӯз аз рӯз рушд меёбанд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноативу бозии дустона миёни дастаҳои футболи «Динамо» ва «Хуҷанд» худ гувоҳи он аст, ки марҳилаи нави ҳамкории дӯстона фаро расидааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 20 апрел бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуд.

Намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар Самарқанд, дар шаҳри Самарқанд бо иштироки санъаткорони вилояти Суғд барномаи калони консертӣ баргузор карда мешавад. Ҳамзамон миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷонибҳо ташкил хоҳад шуд, ки дар доираи он ба имзорасии созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Апрель 21, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад