Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириёнро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия — 2018 аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо қарори бюрои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018, ки 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ бар ҳарифонаш Самулӣ Виитанен аз Финляндия, Колтон Броун аз ИМА ва дар нимфинал бар Муҳаммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дода, сазовори медали тилло гардид. Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии вазни 90 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои ҳафтум ба ҷои чорум баромад.
Комроншоҳ рӯзи 17 апрел аз Истанбул ба Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳа ва наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллари ИМА бархӯрдор буда, ҳамзамон дар радифи як зумра варзишгарони маъруф ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар стипендияи моҳонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар ҳаҷми 400 сомонӣ дарёфт мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






