«ОМОДАЕМ БАР ВАРАҶА ҒОЛИБ ГАРДЕМ!». 25 апрел — Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа

Апрель 25, 2018 10:46

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 25 апрел ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷаро таҷлил мекунад. Ин сана дар 60-умин ҷаласаи ассамблеяи байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ моҳи майи соли 2007 қабул гардида, ба андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди бемории вараҷа бахшида шудааст.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа ҳар сол бо номгузориҳои гуногун баргузор карда мешавад.  Дар соли 2018 ин рӯз таҳти унвони «Омодаем бар вараҷа ғолиб гардем» таҷлил мегардад.

Бояд зикр намуд, ки бемории вараҷа яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои соҳаи тандурустии бисёре аз кишварҳо ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор нафар аз ин беморӣ мефавтад. Беш аз 90% ҳодисаҳои бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, аз ин беморӣ сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва ҳатто Аврупо низ сироят меёбанд.

Бино ба иттиллои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар мамлакати мо вараҷа ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта амалан аз байн бурда шуда буд, фақат манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буд. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа боз аз сари нав хусусияти оммавӣ гирифта буд.

Дар ин раванд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи Глобалии мубориза бо бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа, инчунин як зумра давлатҳову ташкилотҳои сармоягузор, мубориза бар зиддӣ бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ ба марҳилаи нестшавӣ қарор гирифта, тайи солҳои охир тағйироти назаррас дар паҳншавии ин беморӣ ба мушоҳида мерасад.

Тарве дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энтамологии «Маркази  ҷумҳуриявии мубориза  бар зидди бемориҳои тропикӣ»   Дилшод Қадамов зикр намуд, аз соли 1997 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва як зумра ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ин беморӣ якчанд барномаҳои миллӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд, ки онҳо бо муваффақият татбиқ гардиданд.

«Тайи ду соли охир мо дар доираи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба элиминатсияи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  кору фаъолияти худро пеш бурдем ва ин Нақшаи стратегӣ соли 2017 ба итмом расид. Айни замон мо «Нақшаи  стратегия оид ба пешгирии аз нав пайдошавии бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро омода карда истодаем ва дар рӯзҳои наздик онро ба анҷом расонда,  ба вазорату муассисаҳои дахлдор барои мувофиқа пешниҳод хоҳем кард. Дар доираи ин нақшаи миллии стратегӣ, ки дар муддати панҷ соли минбаъда роҳандозӣ мегардад, як зумра чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида мешаванд»,- зикр намуд Д. Қадамов.

Ба зикри мусоҳиб, дар муҳлати иҷрои барномаҳои дар боло зикргардида як зумра натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, дарёфти саривақтии интиқолдиҳандагони ин беморӣ ба роҳ монда шуд. Қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисӣ  бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дараҷаи  касбияти ҳайати кормандони  соҳаи тиб, ки бо муоина ва муолиҷаи бемории вараҷа сарукор доранд, баланд бардошта шуда, манбаъҳои асосии  афзоиши хомӯшакҳои вараҷаовар безарар гардид.

Дилшод Қадамов ҳамчунин изҳор дошт, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бемории вараҷа сол аз сол коҳиш ёфта астодааст. Агар дар соли 2008 шахсони маризии вараҷадошта 317 нафар бошанд, пас дар соли 2017 ин нишондод то ба ҳадди 3 нафар расид, ки он ҳам хусусияти интиқоли дошт.

«Агар  мо чораандешиҳои  фаъолу фавриро барои пешгирии вараҷа идома надиҳем, агар ба манбаъҳои  эҳтимолии хомӯшакҳои вараҷаовар саривақт заҳрдорӯ напошем, хавфи афзоиши шумораи беморон ва вусъати доираи паҳншавии вараҷа метавонад дубора рӯ занад»,- зикр намуд номбурда.

Ба гуфтаи Дилшод Қадамов, барои он, ки беморӣ ба вуҷуд наояд,  манбаъҳои эҳтимолии пайдоиши вараҷаро бояд безарар кард. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» дар чорчӯбаи имконоти худ як силсила чорабиниҳоро ҷиҳати пешгирии вараҷа, сарфи назар аз набудани хурӯҷи он амалӣ намуда истодааст.

 Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2018 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад