Раиси нави Федератсияи самбои Тоҷикистон интихоб гардид

Апрель 11, 2018 17:31

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  маҷлиси умумии Федератсияи гӯштини самбои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Давлатмурод Наҳтуллозода,  директори генералии КВД «Ташкили фурӯши амволи давлатӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ раиси нави  федератсия интихоб шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода  Д. Наҳтуллозодаро барои интихоб шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, иброз дошт, ки солҳои охир гӯштини самбо дар мамлакат рушд кардааст ва дар айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 500 нафар дар ин намуди варзиш тамрин мекунанд.

Таъкид гардид, ки варзишгарони мо дар сатҳи байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доранд. Аз ҷумла соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон тими мунтахаби самбои Тоҷикистон сазовори 5 медал гардид. Варзишгари маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода баъд аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар ин чемпионат медали тилло ба даст овард. Гӯштини самбо дар барномаи 18-ум Бозиҳои Осиё, ки моҳи августи имсол дар Индонезия баргузор мешавад, ворид гардидааст ва аз мураббиёни ин намуди варзиш даъват карда шуд, ки ба бозиҳо таҳти роҳбарии раиси нави федератсия ҷиддӣ омода шаванд.

Апрель 11, 2018 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад