ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ НАХУСТИН ШУДА БА БАРНОМАИ ОКСФОРД ДОХИЛ ГАРДИД! Акнун тавассути аввалин луғати интернетии англисӣ-тоҷикӣ дар саросари ҷаҳон одамон метавонанд забони моро омӯзанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли ҷорӣ муассисаи нашриявии Oxford нахустин луғати интернетии англисӣ-тоҷикиро ба барномаи худ Oxford Global Languages (OGL) дохил намуд. Ҳамин тариқ забони тоҷикӣ нахустин забони Осиёи Марказист, ки ба ин барнома ворид шуд.
Муаллифи нахустин луғати англисӣ-тоҷикӣ, ки 100 ҳазор калимаву ибораро дарбар гирифтааст ва тавассути он акнун сокинони кишварҳои хориҷӣ низ метавонанд забони давлатии Тоҷикистонро тариқи онлайн омӯзанд, профессор Абдусалом Мамадназаров мебошад. 14 апрел ӯ ба синни мубораки 70 расид.
Маводи зерин дар бораи ин донишманди мумтози тоҷик ҳикоят мекунад.
Касе ба забони англисӣ ба профессор Абдусалом Мамадназаров занг зад:
– Ало, Абдусалом Мамадназаров?
– Бале-бале, ман. Шумо кистед?
– Ман аз Амрико, раиси яке аз гурӯҳҳои сайёҳӣ. Ба ман гуфтанд, ки шумо профессори забони англисӣ ҳастед ва сайёҳонро барои сафар ба Тоҷикистон роҳнамоӣ менамоед. Агар мумкин бошад аз шумо дар бораи Тоҷикистон чанд чиз пурсам…
Ҳар моҳе ба профессор Абдусалом Мамадназаров аз кишварҳои англисзабон Амрико, Англия, Австралия, Канада ва ҳатто Африқову Ҳиндустон ва ҷойҳои дигар зуд-зуд занг зада, пурсон мешаванд, ки чӣ тавр ба Тоҷикистон сафар кунанд. Барои он занг мезананд, ки ӯро дар ҳар гӯшаву канори дунё мешиносанд. Ҳар ҷо ки рафт ҳатман дар бораи манзараҳои нотакрори Тоҷикистон, мардуми меҳмоннавоз ва ҳунарҳои мардумии он суҳбат менамояд. Аз ин тариқ солҳост, ки гурӯҳ-гурӯҳ сайёҳони аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаро ӯ роҳнамоӣ менамояд. Дар ин мақола ба таври мухтасар дар бораи фаъолияти профессор А. Мамадназаров сухан хоҳем гуфт, ки ба гуфти Фирдавсӣ ҳамеша дар талоши омӯзиш ва дониш будааст:
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ.
Дар урфият мегӯянд, ки «забондонӣ ҷаҳондонӣ аст». Касе, ки донандаи чандин забон аст, ӯ ба воситаи онҳо ҳам аз тариқи китобҳо, ҳам гуфтугӯҳо ва ҳам сайёҳат ба саросари дунё сафар мекунад, меомӯзад, пеш меравад ва ба мардуму кишвараш хизмат мекунад.
Яке аз чунин забонҳое, ки имрӯз барои миллат ва кишвари мо муҳим аст, забони англисӣ мебошад. Устод Абдусалом Мамадназаров яке аз донандагони ин забон аст. Ӯ на танҳо ин забонро медонаду ва бо сабаби донистани он ҳамчун тарҷумон ба кишварҳои гуногуни олам сафар кардааст, балки барои шогирдонаш дастуру луғатномаҳо, рисолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Балки нозукиҳои ин забонро ба таври муқоисавӣ бо забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода, дар байни забоншиносони Тоҷикистон яке аз олимони шинохта гардидааст.
Абдусалом 14 апрели соли 1948 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1958 мактаби ибтидоиро дар ҳамон кӯҳистон ба поён расонида, баъд соли 1966 мактаб-интернати ба номи Охон Сулаймон Қурбонмаҳмадови шаҳри Хоруғро хатм менамояд. Завқи хондан, ҷустуҷў кардан буд, ки ў роҳҳои пурпечутоби Бадахшонро паси сар карда, ба шаҳри Душанбе меояд ва соли 1966 ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С.Айнӣ), дар шўъбаи англисӣ дохил мешавад. Шабу рўз мехонад, забони англисиро хеле хуб меомўзад ва соли 1970 бо ихтисоси «Омўзгори забони англисӣ» донишгоҳи мазкурро ба итмом мерасонад.
Акнун дар пеши ў роҳи мустақилонаи зиндагӣ оғоз мегардад. Барояш пешниҳод менамоянд, ки дар мактаби рақами 20 деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор рафта, ба шогирдон аз забони англисӣ дарс диҳад. Бо муҳаббат ба дарс додан шурўъ менамояд, вале ўро пас аз чанд моҳ, моҳи ноябри соли 1970 ба аскарӣ даъват мекунанд.
Дар он солҳо касе, ки мактаби оддиро хатм мекард, як сол хизмат менамуд. Дар аскарӣ низ содиқона хизмат карда, соли 1971 бармегардад. Дар ҳамин муддат тавре, ки мегўянд “деҳқон бошӣ шудгор кун, олим бошӣ такрор кун” дониши гирифтаашро такрор мекард ва ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ китобҳои гуногун мутолиа менамуд.
Соли 1972 дар кафедраи забони англисии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) барои ба кор гирифтан озмун эълон намуданд. Дониш, фаросат, илмдўстии ў буд, ки аз байни 9 нафар довталабон ўро ба кафедраи мазкур ба кор гирифтанд.
Абдусалом Мамадназаров солҳо барои шогирдони факултаҳои гуногуни ДМТ аз сидқи дил дарс медод ва зимнан машғули мутолиа буд. Барномаҳо, дастурҳо менавишт ва дилаш мехост, ки дар бораи баъзе монандиҳои забони тоҷикӣ, англисӣ ва дар муқоиса бо забонҳои дигар рисолаи илмӣ бинависад. Ҳамин буд, ки ба илм рў овард ва ба аспирантураи ДМТ дохил шуд ва дар мавзўи «Сиғаи шартӣ — хоҳишмандӣ аз нигоҳи муқоисавӣ-типологӣ» ба таълифи рисолаи илмӣ оғоз намуд. Дар солҳои аспирантурӣ (1981-1984) барои таҳқиқ ба филиали Ленинградии Институти забоншиносии СССР таҳсил рафт ва бо роҳнамоии забоншиносони машҳур профессорон Р.Додихудоев ва Л.Г. Герценберг рисолаи номзадии худро омода намуд.
Ў бо мисолҳои зиёди забони тоҷикӣ ва англисӣ, ба таври муқоисавӣ, оид ба сарфу наҳв, вобаста ба сиғаи шартӣ — хоҳишмандӣ назари худро гуфтааст, ки он барои пажўҳандагон хеле ҷолиб буд. Маълум аст, ки ин гуна мавзўъҳо диққати забоншиносонро ба худ ҷалб накарда наметавонистанд.
Пас аз баррасии қаблии рисола, забоншиносон пешниҳод менамоянд, ки Абдусалом Мамадназаров дар Донишгоҳи давлатии Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон дифоъ намояд. Инак, ӯ соли 1986 аз рисолаи худ бомуваффақият дифоъ мекунад. Дар воқеъ, ў тавонист мавзўъро ба таври густурда баррасӣ намояд, тафовут ва муштаракоти забонҳои тоҷикию англисиро нишон бидиҳад.
Пас аз аспирантура ў дубора ба ДМТ баргашта ба фаъолияти таълимию илмии хеш идома медиҳад. Ҳамин тавр Абдусалом Мамадназаров аз моҳи октябри соли 1989 ҳамчун дотсенти кафедраи забони англисии ДМТ фаъолият намуда, баъдан соли 1992 мудири ин кафедра таъйин мегардад ва то соли 2000 дар ин вазифа кор мекунад.
Ў дар раванди фаъолияти кории худ ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамояд. Аз ҷумла, соли 1993 ба факултаи забони англисии Донишгоҳи Бритиш Каламбияи шаҳри Ванкувери кишвари Канада, ҳамчун муҳаққиқи пухтакор даъват мегардад. Ба муддате, ки дар он ҷо буд, бо масъалаҳои зиёди забоншиносии муқоисавӣ ошно мешавад. Аз кишвари Канада баргашта (1994), боз ба кори аслии худ идома медиҳад.
Ўро ҳамчун забондони ботаҷриба, омўзгори моҳир ва олими пуркор дар солҳои навади садаи ХХ ба ҳамкорӣ ҷалб менамоянд. Дар натиҷа ў солҳои 1996-1999 ҳамкотиби Комиссияи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи созмони Оғохон барои таъсиси Донишгоҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ таъйин мегардад. Ин фаъолияти иловагӣ боиси он мешавад, ки ба кишварҳои Россия, Амрико, Канада, Британияи Кабир, Швейтсария, Франсия, Германия, Покистон, Туркия ва Непал сафар намояд ва бо равиши таълими онҳо ва сохтори мактабҳои олии пешрафтаи кишварҳои номбурда аз наздик шинос шуда, баъдан он таҷрибаро дар раванди таълим дар Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор диҳад.
Абдусалом Мамадназаров ҳар лаҳзаи умри бобаракати худро истифода намуда, ба таври мунтазам дар баробари корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фаъолияти тарҷумонӣ ҳамчунин ба навиштани мақолаҳо ва асарҳои илмӣ машғул аст. Аз ҷумла, мақолаҳои илмӣ ва таълимии «Аломатҳои китобат ва баъзе қоидаҳои имло дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Ойини навиштани ҳарфи калон дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Ойини кўтоҳнависӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», баъдан дастури илмӣ-таълимии «Хусусиятҳои имло дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» (2015) ва ғайра барои омўзгорон, аспирантҳо ва донишҷўён муфид ва омўзанда мебошанд.
Пас аз Истиқлолияти кишвар ба хусус дар оғози асри бисту як дар мамлакати мо масъалаи луғатнигорӣ рушд ёфт. Тақозо ба луғатҳои гуногун зиёд гардид. Дар канори забоншиносони дигар устод Абдусалом Мамадназаров низ ба таври мунтазам тавассути навиштаҳои хеш ин холигоҳро пур мекард. Ба таври мунтазам оид ба масъалаҳои мухталифи луғатнигорӣ рисолаву мақолаҳо навишт. Дар ин солҳо таваҷҷуҳи ин олими пуркорро яке аз масъалаҳои муҳиме ба худ ҷалб намуд. Ин масъала он буд, ки бояд касе фарҳангнигории тоҷикии садаи ХХ ва аввали ХХI-ро ҷамъбаст мекард. Ин кор аз пажӯҳанда заҳмати зиёд тақозо менамуд. Абдусалом Мамадназаров оид ба барраси ин масъала заҳмати зиёд кашида, асарҳои зиёди илмӣ таълиф намуд, баъдан ҳамаи онро дар рисолаи доктории худ ҷамъбаст кард.
Ҳамин заҳматҳо буд, ки соли 2013 А. Мамадназаров дар мавзўи «Ташаккул ва такомули фарҳангнигории тарҷумавии тоҷик дар асри ХХ ва аввали асри ХХI» дар ДМТ аз рисолаи доктории худ дифоъ намояд. Рисолаи доктории ӯ пажўҳиши густурда буда, дар он фарҳангнигории тарҷумавӣ дар асри XX ва XXI ҷамъбаст шудааст. Ин рисола барои пажўҳандагони забоншинос солҳои дуру дароз роҳнамои хуб хоҳад буд.
Таълифи луғати дузабона пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон рушд намуд. Абдусалом Мамадназаров дар ин маврид низ корҳои зиёдеро анҷом дод. Луғатҳои хурду калони англисӣ — тоҷикӣ барои забономўзон таҳия намуд. Аммо фарҳанги англисӣ-тоҷикии ӯ, ки соли 2017 бори сеюм ба нашр расид, комилтарин луғатнома буда, беш аз 100 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад. Ин луғатнома аз нашр ба нашр такмил ёфт, ки ин заҳмати чандин солаи ӯ буда, дар Тоҷикистон калонтарин луғати англисӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳои хориҷӣ барои таълифи чунин луғати дузабонӣ гурўҳи олимон фаъолият менамоянд.
Ҳамаи ин заҳматҳо буд, ки дар ин рўзҳо интишороти Донишгоҳи Оксфорди (Oxford University Press) Британияи Кабир ба А. Мамадназаров муроҷиат карда, аз ӯ иҷозат гирифтааст, ки нусхаи электронии луғатномаи ҳаҷман калонашро дар Интернет ба таври ҳамеша ва мустақим (онлайн) пешкаши забономўзон намояд.
Ин донишманди пуркору заҳматкаш ҳар лаҳзаи умри худро самаранок истифода менамояд. Мунтазам кор мекунад, ки ин амали ў барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад. Самти дигари фаъолияти ӯ суханрониҳо дар конфоронсу семинарҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Соле нест, ки дар ҳамоишҳои дар Тоҷикистон ва ДМТ ширкат ва сухаронӣ накарда бошад. Ў ҳамчунин дар кишварҳои зиёди хориҷӣ буда, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро маъруфӣ намудааст. Профессор Абдусалом Мамадназаров дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Самарқанд (1988), Ванкувер (1993), Лондон (1994), Бишкек (1996), Вашингтон, Мадисон, Висконсин, Блумингтон ва Индианаи ИМА (2000), Тошканд (2002), Ҳирот (2017) оид ба масъалаҳои гуногуни забоншиносии муқоисавӣ ва фарҳанги маънавии тоҷикон суханрониҳо намудааст. Дар суҳбатҳо, вохӯриҳо, гузоришҳо, маърўзаҳои худ ҳамеша аз ҳунарҳои мардумии мардуми тоҷик, барои сайёҳӣ яке аз зеботарин кишварҳои муносиб будани Тоҷикистон ёдовар шуда, дар тўли ин солҳо шахсони гуногункасб ва сайёҳони зиёдро ба кишвари мо даъват намудааст. Худаш бо он меҳмононе, ки аз кишварҳои англисзабон меоянд, тарҷумонӣ карда, мардум ва кишвари моро маъруфӣ мекунад.
Фаъолияти дигари профессор А. Мамаданазаров тарҷумонӣ аст. Ў ҳам аз забони тоҷикӣ ба англисӣ ва ҳам баръакс мақола, китобҳои зиёдеро тарҷума кардааст. Аз ҷумла, асарҳои «Президенти мо», «Понзадаҳсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва «Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки дар бораи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти эшон аст, тарҷума кардааст.
Ҳамчунин тарҷумаи китобҳои «Иқтисодиёти Амрико», «Ҳукумати Амрико», «Таърихи Амрико», «Бунёди давлатдории навин», «Таърих ва ақоиди Исмоилиён», «Рушди қонунгузорӣ доир ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон» ва ғайра ба қалами ӯ мансуб мебошад.
Соли 2016 китоби олими маъруфи америкоӣ, профессор Фредерик Старр «Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг» (692 саҳ.) чоп шуд, ки ин яке аз тарҷумаҳои профессор А. Мамадназаров аст. Китоби мазкур барои омўхтани таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ, ба хусус тоҷикон хеле муҳим буда, барои таҳқиқи ин давра яке аз сарчашмаҳои арзишманд мебошад.
Дар ин ҷо як хислати неки профессор А. Мамадназаровро ёдовар нашуда наметавонам. Ман А. Мамадназаровро беш аз 30 сол аст, ки мешиносам. Дар ин муддат борҳо мушоҳида кардам, ки агар касе барои омўхтани забони англисӣ, тарҷумаи мақола аз тоҷикӣ ба англисӣ ё баръакс ба ӯ муроҷиат карда бошад, ҳатман иҷро менамояд.
Ӯ ҳамеша дар талош аст, то умри худро барои корҳои нек сарф намуда, аз тариқи пешаи интихобнамудаи худ, ба қалби инсонҳо тухми некӣ бикорад.
Профессор А. Мамадназаров, ки ошиқи кори худ аст, беш аз 45 сол мебошад, ки дар ДМТ аз забони англисӣ фанҳои дигари марбут ба забоншиносии муқоисавӣ ба шогирдон дарс медиҳад, оид ба масъалаҳои гуногуни забон ва тарҷума заҳмат мекашад ва шогирдонро дар роҳи нек тарбият менамояд. Имрўзҳо садҳо шогирдони ӯ дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, соҳиби унвонҳои баланди илмӣ низ мебошанд.
Ҳоло ў кўшиш дорад, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамроҳи шогирдонаш, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намояд.
Равшан РАҲМОНӢ,
Профессори ДМТ