Ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Май 4, 2018 14:45

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 3 майи соли 2018 ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, директори Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Акрамов пешвоз гирифтанд.

Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 — 9 майи соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ҳисор баргузор гардида, аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотию аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Тибқи иттилои манбаъ, 5 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати расмии ҷониби меҳмон доир мегардад. Баъди анҷоми мулоқот соати 10:30 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.

Худи ҳамон рӯз соати 16:00 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотию аккосӣ шурӯъ гардида, то анҷоми чорабиниҳо, яъне то 8 май идома меёбад.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 5 майи соли 2018 соати 17:00 дар толори театри мазкур сурат мегирад.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг сафари меҳмонон ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст. Инчунин меҳмонон бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос гардида, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.

Инчунин 8 майи соли 2018 соати 9:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории муколама дар мавзӯи «Ҷойгоҳи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Май 4, 2018 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд