ҒАЛАБА МУБОРАК! «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд

Май 2, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми   дирӯз  дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби  1:0  мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри  мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев  бозингари дастаи  футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон  дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро  ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 7 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаҳои 5 давр дастаи футболи «Истиқлол» бо 13 имтиёз садрнишини гурӯҳи «D» мебошад.

 

Май 2, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд