АЗ ОНҲО ҲАМАГӢ 338 НАФАР БОҚӢ МОНДААНД. Қаҳрамонии падарону бобоёни шарафманд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ҷон нисор кардаанд, аҳамияти худро ҳаргиз гум нахоҳанд кард

Май 9, 2018 12:02

ДУШАНБЕ, 09.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 9 майи соли 2018 ба муносибати 73 — юмин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаи пуршукӯҳ доир гардид. Хабарнигори АМИТ Ховар»  Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории ин чорабинӣ  гузориш медиҳад.

Иди Ғалабаро собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони ақибгоҳ, ки имрӯз барои онҳо фаромушнашаванда ва бисёр азиз аст, бо рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Дар сари синаи ҳар яки онҳо ордену  медалҳо   барои корнамоӣ ва  меҳнати шуҷоатноку диловаронаашон овехта шуда буд Ва ҳар кадом  бо ифтихор дар бораи онҳо  қисса мекард.

Иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон Хаскаш Абдуллоев ва Ҳусейн Эшонов аз  қабили онҳое ҳастанд, ки дар торумор кардани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград ва сарзамини Беларус диловарона иштирок карда, бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштаанд.

«Ҳафтоду се сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ расид, ки хурсандии мо ҳадду канор надошт. Бояд гуфт, ки ин ҷанги даҳшатнок таъсири худро ба рӯзгори ҳар як хонадони мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон гузошт. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафта, дигар барнагаштанд. Бародари ман Ҳасан Эшонов низ аз ҷумлаи нафароне буд, ки  корнамоиҳои бемисл нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гардид»,-нақл кард Ҳусейн Эшонов.

Хаскаш Абдуллоев мегӯяд корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд. Зеро омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва  зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.

Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Қудратов зикр намуд, айни замон дар Тоҷикистон 338 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон боқӣ мондаанд, ки зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.   Ба нақли номбурда, иштирокчиёни дар қайди ҳаётбуда пайваста аз кумаку дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва соҳибкорони хайрхоҳ бархӯрдоранд.

Имсол низ чун солҳои пешин дар арафаи Иди Ғалаба ба кулли собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, соҳибкорон, донишгоҳу донишкадаҳо, таълимгоҳҳои миёнаи махсус кумаки моддиву маънавӣ расонида шуд.

Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар  меоянд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷонбозӣ карда, ҷон нисор кардаанд,  аҳамияти худро ҳаргиз гум нахоҳанд кард.

Май 9, 2018 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид
Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
Дар ноҳияи Ёвон «Чойхонаи собиқадорон» ифтитоҳ ёфт