«Ба инсон арҷ гузорем» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон, ки ин ҳафта чоп шуданд

Май 24, 2018 13:14

ДУШАНБЕ 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.Нашрияи «Ҷумҳурият» (21.05.2018, №99) масъалаи ба таълим фаро гирифтани ношунавоёнро дар мактабҳои олӣ мавриди баррасӣ қарор дода, бо сарлавҳаи «ММТ. Чаро дар ҳалли мушкилоти ношунавоён иқдом нагирем?» мақолаи таҳлилӣ нашр кардааст. Муаллифи мақола А.Раҳим навиштааст: «Аз 16 навраси ношунаво, ки соли хониши гузашта дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд, ҳамагӣ як нафар донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гардид. Дар ҳоле, ки шумораи ношунавоён имрӯз то ба 30 ҳазор нафар расида, танҳо дар мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти махсус 1112 нафар таҳсил мекунанд ва ҳамаи онҳо барои таълиму тарбия гирифтан ба мутахассисони соҳа ниёз доранд». Тавре муаллиф навиштааст дар Маркази миллии тестӣ барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 имтиёз муқаррар гардидаст. Ҳол он ки 90 дарсади ношунавоён маъюбони гурӯҳи се буда, аз ин имтиёзи муқарраргардида бархӯрдор нестанд. Агар як сабаби аз имтиҳонҳои ММТ нагузаштани довталабони ношунаво мувофиқат нашудани барнома ва саволномаҳо бошад, сабаби дигараш надонистани забони хориҷӣ, хосса англисӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки омӯзиши забони англисӣ на дар ҳамаи мактаб-интернат ва муассисаҳои таҳсилоти махсус ба роҳ монда шудааст. «Президенти мамлакат зимни ташрифи дуюмборааш ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ 1 ноябри соли 2012 иброз дошта буд, ки вақти он расида, то аз миёни худи ношунавоён мутахассисони соҳаро тайёр бикунем. Бешак ин беҳтарин пешниҳод ва дастур мебошад. Ба ин хотир, бояд монеаҳо рафъ гарданд ва имкони бештар фароҳам оварда шавад», — омадааст дар хотимаи мақола.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (22.05.2018, №100) матни як қатор қонунҳо, ки бо қарори Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намуда, аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расидаанд, бознашр шудаанд. Аз ҷумла, матни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва дигар санадҳо, ки ҳукми ҳуқуқӣ ва мавриди амал қарор гирифтаанд, пешкаши хонандагон шудаанд.

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (23.05.2018, №101) бо суханони зерини Пешвои миллат: «Кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд. Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд» ба чоп расидааст. Дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчунин мақолаи Тоҷибой Султонӣ бо сарлавҳаи «Ба инсон арҷ гузорем» чоп шудааст. Мақолаҳои «Бобоҷон Ғафуров олими ҷаҳонӣ ва миллатдӯсти асил», «Айнӣ. Ҷойгоҳи фарзонафарзандони миллат дар адабиёти ҷаҳонӣ» ва «Хушнаво» аз нақш ва таъсири шахсиятҳои шинохтаи мамлакат дар рушди илму фарҳангу санъати миллӣ ва ҷаҳонӣ нақл мекунанд.

Нашрияи Маҷлиси олӣ «Садои мардум» (22.05.2018, №63) оид ба баргузор шудани машварати корӣ дар ҳузури Президенти мамлакат хабари расмӣ нашр кардааст. Зимни машварат иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандон, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ шудаанд. Нашрия ҳамчунин оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, баррасӣ шудани лоиҳаи як қатор санадҳои ҳуқуқӣ   ва рӯзномаи  кори  ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чорум, даъвати панҷум гузориш чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба ҷиноят ва хиёнатҳои нобахшидании ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат дар назди миллати тоҷик мақолаи Х.Файзиддинро бо сарлавҳаи «Дастпарвари бегонагон» нашр кардааст. Муаллиф зимни таҳлилҳо навиштааст: «Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар ҷумҳурӣ, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷӣ дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳо равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расонда, гузаштаро чун сафҳаи сиёҳи таърих фаромӯш намуд. Вале юриши Мирзо Зиёев дар Тавилдара, гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ созмон додани Аловиддин Давлатов дар ноҳияи Рашт, бо зархаридони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳуҷум намудани Мулло Абдулло ва даҳҳо ҳодисаҳои дигар  аз ҷониби дастпарвардаҳои мадориси террористии кишварҳои ба ном «дӯст» анҷом дода мешуд. Давлати Тоҷикистон ҳамоно аз роҳи дипломатия ва музокироту муколамаҳои дуҷониба хостгори рафъи муаммову нофаҳмиҳо буд…». Идомаи мақоларо хонандагон метавонанд аз саҳифаи нашрияи «Минбари халқ» мутолиа намоянд.

Май 24, 2018 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард