Чемпионати ҷаҳон-2018: Дастаҳои мунтахаби Португалия, Испания, Марокаш ва Эрон дар гурӯҳи «В»
ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 21 рӯзи дигар боқӣ монд. Имрӯз шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи гурӯҳи «В», ки ба он дастаҳои мунтахаби Португалия, Испания, Марокаш ва Эрон шомил шудаанд, пешниҳод менамояд.
Дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания, ки Аврупоро намояндагӣ мекунанд, дар ин гурӯҳ аз дастаҳои пурқувват арзёбӣ мешаванд. Ин дастаҳо, ки яке чемпиони Аврупо ва дигаре чемпиони ҷаҳону Аврупо ҳастанд, дар фазои футболи ҷаҳон ба муваффақиятҳои беназир ноил гардидаанд. Дар ин замина қисме аз коршиносони соҳаи футболи сайёра ҳам маҳз ин дастаҳоро ба қатори ҷӯяндагони унвони чемпионӣ ном мебаранд. Шиносоиро аз дастаи мунтахаби Португалия оғоз мекунем.
Дастаи мунтахаби Португалия
Ин даста дар таснифоти нави ФИФА дар зинаи чоруми радабандии ҷаҳон қарор дорад. Соли 1966 аввалин маротиба ба футболбозони португалӣ муяссар гардид, ки дар Англия дар Чемпионати ҷаҳон ширкат намоянд. Худи ҳамон сол ғайричашмдошт португалиҳо дар гурӯҳе, ки дастаҳои мунтахаби Бразилия, Венгрия ва Булғория ҳузур доштанд, бо натиҷаи 3:1, 3:1 ва 3:0 ба ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, садрнишини гурӯҳ гардиданд. Онҳо дар бозии ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Кореяро бо ҳисоби 5 бар 3 шикаст доданд. Эйсебио дар ин вохӯрӣ ба дарвозаи ҳарифон 4 гол зад. Футболбозони португалӣ дар бозии нимниҳоӣ аз дастаи мунтахаби Англия бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб шуданд. Барои мақоми сеюмро соҳиб шудан бо дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шуравӣ вориди майдон гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварданд. Баъди ин ҳунарнамоӣ дастаи мунтахаби Португалия то соли 1996 ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифта натавонист.
Солҳои 1996 — 2004 солҳои авҷи муваффақиятҳои дастаи мазкур маҳсуб мешаванд. Он вақт дастаи мунтахаби ҷавонони Португалия солҳои 1989 — 1991 унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон ба даст оварда, бозингарони ҷавон — Луиш Фигу, Руй Кошта, Фернандо Коуту, Витор Байя ба ҳайати дастаи асосии мунтахаб шомил шуданд ва тарҳи бозии дастаи мунтахаби Португалияро дигар карда, дараҷаи бозиро ба арши аъло бардоштанд.
Дастаи мунтахаби Португалия баъдан ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, аз ҷумла, соли 2016 Чемпиони Аврупо, соли 2004 финалисти ҳамин чемпионат солҳои 1984, 2000 дар мақоми сеюм ва соли 2004 дар мақоми чоруми бозиҳои Олимпӣ қарор дошт.
Дар ҳайати ин даста футболбозоне бозӣ кардаанд, ки таърихи футболи ҷаҳонро таъсис додаанд. Эйсебио соли 1965 ва Луиш Фигу дар соли 2000 соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» шудаанд. Эраи Криштиано Роналдо боз футболи Португалияро машҳури ҷаҳон кард. Ин бозингар солҳои 2008, 2013, 2014, 2016 ва 2017 ба гирифтани ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон «Тӯби тиллоӣ» мушарраф гардид, ки он аз ҷониби Созмони байналмилалии футбол ва маҷаллаи «Франс Футбол» муайян мешавад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия Криштиано Роналдо 147 бозӣ гузаронида, 79 гол задааст, ки ин ба қатори рекордҳои дастаи мазкур дохил мешавад. Фернанду Сантуш ба ҳайси сармураббии ин даста фаъолият менамояд. Дар ҳайати даста ба ғайр аз Криштиано Роналдо инчунин футболбозони намоён — Пепе, Бруно Алвеш, Жоау Моутинё, Андре ва Бернарду Силва, Рикарду Куарежма ҳунарнамоӣ мекунанд. Эҳтимолияти дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳони соли 2018 рӯ ба рӯ шудани ду ситораи футболи ҷаҳон -Леонел Месси ва Криштиано Роналдо дар бозии чорякфиналӣ вуҷуд дорад. Он гоҳ муайян мегардад, ки кадоме аз ин бозингарон беҳтарин аст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Португалия:
Дарвозабонҳо: Антони Лопеш («Лион» Франсия), Бету («Гезтепе» Туркия), Руй Патрисиу («Спортинг»);
Муҳофизатгарон: Бруну Алвеш («Рейнджерс», Шотландия), Седрик Суариш («Саутгемптон», Англия), Жозе Фонти («Далян Ифан», Хитой), Марий Руй («Наполи», Италия), Пепе («Бешикташ», Туркия), Рафаэл Геррейру («Боруссия» Д, Германия), Рикарду Перейра («Порту»), Рубен Диаш («Бенфика»);
Нимҳимоятгарон: Адриэн Силва («Лестер», Англия), Бруну Фернандеш («Спортинг»), Жоау Мариу («Вест Ҳэм», Англия), Жоау Моутиню («Монако», Франсия), Мануэл Фернандеш («Локомотив», Россия), Виллиам Карвалю («Спортинг»);
Ҳамлагарон: Андре Силва («Милан», Италия), Бернарду Силва («Манчестер Сити», Англия), Криштиану Роналду («Реал», Испания), Желсон Мартинш («Спортинг»), Гонсалу Гедеш («Валенсия», Испания), Рикарду Куарежма («Бешикташ», Туркия).
Дастаи мунтахаби Испания
Дастаи мунтахаби Испания дар гурӯҳи «В» дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Португалия баробар аст. Яке аз лигаҳои беҳтарини Аврупо ва ҷаҳон маҳз Ла Лигаи Испания ба ҳисоб меравад, ки дастаҳои машҳури дунё, чун «Реал», «Барселона», «Атлетико» ва «Севиля» дар он ширкат меварзанд. Футболи Испания ба Федератсияи футболи шоҳигарии Испания мансуб буда, даҳсолаҳои аввали иштирокаш дар мусобиқоти байналмилалӣ берун аз назарҳо монда буд. Соли 1964 барои ин даста соли бобарор омад.Дар ин сол испаниҳо аввалин бор дар Чемпионати Аврупо чемпион гардиданд. Баъдан ҳунарнамоии ин даста паси дигар корномаҳои дастаҳои мунтахаби ҷаҳон ноаён монд. Соли 2008 аз нав дар Чемпионати Аврупо дар Австрия ва Швейтсария ғолибиятро ба даст овард. Бори аввал дар таърихи Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ испаниягиҳо дар радабандии ин ниҳод бе ба даст овардани унвони чемпионии ҷаҳон ба мақоми аввал баромаданд. Баъди чор соли дигар Испания аз нав унвони чемпионии Аврупоро соҳиб шуд.
Ин дар ҳоле ба вуҷуд омад ки футболбозони испанӣ соли 2010 дар бозиҳои финалии чемпионати ҷаҳон дар Африқо баъди ғалаба дар Чемпионати Аврупо аввалин бор унвони чемпионии ҷаҳонро низ аз худ карданд. Баъди ин дастовардҳо дастаи мунтаъхаби Испания панҷумин мунтахаби Аврупоӣ гардид, ки ба гирифтани унвони чемпионии ҷаҳон шарафёб гардидааст.
Икер Касиляс дарвозабони ин даста дар ҳайати мунтахаб 167 бозӣ гузаронид, ки он аз ҳама зиёд мебошад. Нишонзани беҳтарини испаниҳо Давид Виля ба шумор меравад, ки ба дарвозаи ҳарифон 59 тӯб задааст.
Испания дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 8-ум қарор дорад. Капитани даста Серхио Рамос буда, ба даста Ҳулен Лопетегӣ машқ медиҳад. Дастаи мунтахаби Испания бо дастаи мунтахаби Португалия 36 бозӣ баргузор карда, дар 17 –тои он ғолиб омад ва дар 6 тоаш мағлуб гардид. Ин даста 13 вохӯрии боқимондаро мусовӣ анҷом дод. 74 тӯб задаанду аз дарвозаашон 41 тӯб гирифтаанд.
Дастаи мунтахаби Испания бо Марокаш низ ду бозӣ доир кардааст, ки ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меоянд. Соли 1961 дар бозиҳои гурӯҳии интихобии байниминтақавӣ Испания дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» бо ҳисоби 3:2 бар Марокаш зафар ёфта, дар Касабланка бо натиҷаи 1:0.
Ҳайати дастаи мунтахаби Испания :
Дарвозабонҳо — Кепа Аррисабалага («Атлетик«), Давид де Хеа («Манчестер Юнайтед«, Англия), Пепе Рейна («Наполи», Италия);
Муҳофизатгарон: — Жорди Альба («Барселона»), Сесар Аспиликуэта («Челси», Англия), Даниэль Карвахаль («Реал»), Начо Монреаль («Арсенал», Англия), Фернандес Иглесиас Начо («Реал»), Альваро Одриосола («Реал Сосьедад»), Жерар Пике («Барселона»), Серхио Рамос («Реал»);
Нимҳимоятгарон: — Иско («Реал»), Тиагу Алькантара («Бавария», Германия), Серхио Бускетс(«Барселона»), Давид Сильва («Манчестер Сити», Англия), Андрес Иньеста («Барселона»), Ньигес Сауль («Атлетико»), Коке («Атлетико»);
Ҳамлагарон: — Асенсио («Реал»), Яго Аспас («Сельта»), Диегу Коста («Атлетико»), Морено Родриго («Валенсия»), Лукас Васкес («Реал»).
Дастаи мунтахаби Марокаш
Дастаи мунтахаби Марокаш дар гурӯҳи «В» қитъаи Африқоро муаррифӣ мекунад. Ин дуюмин дастаест, ки дар таърихи футболи ҷаҳон аз қораи Африқо ба бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифтааст. Ҳамчунин аз ин қитъа Марокаш якумин дастаест, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон аз бозиҳои гурӯҳӣ ба бозиҳои 8/1 ниҳоӣ баромад.
Бояд гуфт, ки ин дастаро толеи баланд насиб гардидааст. Ӯ дар таърихи футболи ҷаҳон чор маротиба дар бозиҳои финалӣ иштирок карда, дар нишондод дар Африка пас аз дастаи мунтахаби Камерун меистад. Беҳуда ба онҳо лақаби «Шерони атласӣ» -ро надодаанд. Соли 1986 «Шерони атласӣ»-и Марокаш то ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ расиданд ва дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Англия, Полша ва Португалияро паси сар гузоштанд. Дар бозии 1/8-ниҳоӣ Германия бо тӯби задаи Лотар Матеус дар поёни вохӯрӣ ба комёбӣ сазовор гардид ва марокашиҳоро аз идома додани бозиҳо дар канор монд. Дар Чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 1994 ва 1998 дастаи мунтахаби Марокаш аз гурӯҳ баромада натавонист. Дар чемпионати соли 1998 танҳо як хол ба онҳо нарасид, ки аз Норвегия пеш гузаранд. Аз соли 2002 то соли 2018 ин даста дигар ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат нагирифт.
Дар бозиҳои Ҷоми Африқо соли 1970 футболбозони Марокаш унвони чемпиониро сазовор гардиданд. Аммо ин ягона унвони арзанда дар ин ҷода мебошад. Ҷои сеюми соли 1980, мақоми чоруми солҳои 1986, 1988 ва медалҳои нуқраи соли 2004 баёнгари дастовардҳои ин даста мебошанд.
26 нафар бозингарони дастаи мунтахаби Марокаш дар дастаҳои гуногуни аврупоӣ ва осиёӣ бозӣ мекунанд. Аз ҳама намоёнашон Умар Қадурӣ аз «Наполӣ», Муборак Бусуфа вуа Карим Аҳмадӣ аз «Фейенорд», Меҳдӣ Бенатия аз «Ювентус», Зуҳайр Федал аз «Алавес» мебошанд.
Дастаҳои мунтахби Марокаш ва Эрон ки аввалин вохӯриро дар Чемпионати ҷаҳон соли 2018 бо ҳам мегузаронад, то ин замон ду вохӯрии муштарак барпо кардаанд. Як вохӯрӣ ҳанӯз соли 1978 бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи футболбозони Эрон ҷамъбаст шуда, бозии дигари онҳо соли 2002 дар мадори бозиҳои ЛҶ Кап бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфтааст. Самураббиёни дастаҳо вохӯрии байниҳамдигариро дар Чемпиоанати ҷаҳон ба бозии финалӣ баробар медонанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Марокаш:
Дарвозабонҳо:- Яссин Буну («Жирона», Испания), Аҳмад Танюти («Иттиҳод Танҷир»), Мунир Моҳанд («Нумансия», Испания);
Муҳофизатгарон: Мехдӣ Бенатиа («Ювентус», Италия), Ромин Саисс («Вулверҳэмптон», Англия), Мануэл да Кошта («Истанбул Башакшеҳир», Туркия), Ашраф Хакимӣ («Реал», Испания), Бадр Банун («Раҷа Касабланка»), Ҳамза Мендил («Лилл», Франсия), Валид Алхӯҷам («Амин», Франсия);
Ниҳимоятгарон: —Набил Дирар («Фенербахче», Туркия), Юссеф Аит-Бенноссир («Кан», Франсия), Меҳдӣ Карсела– Гонсалес («Олимпиакос», Юнон), Карим Алаҳмадӣ, Софян Амрабат (ҳарду аз «Фейенорд», Ҳоланд), Юнус Беланда («Галатасарай», Туркия), Ҳаким Зиё, Нуссаир Мазравӣ (ҳар ду аз «Аякс», Ҳоланд), Файсал Фаҷр («Хетафе», Испания), Азиз Бухаддуз («Санкт-Паули», Германия), Нордин Амрабат («Леганес», Испания), Мубарак Буссуфа («Алҷазира», АМА), Амин Арит («Шалке», Германия);
Ҳамлагарон:- Аюб Алқаъбӣ («Ренессанс Беркан»), Халид Бутаиб («Йени Малатяспор», Турция), Юсуф Энносирӣ («Малага», Испания).
Сармураббӣ: Эрве Ренан
Дастаи мунтахаби Эрон
Дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Эрон аз Осиё бозӣ мекунад. Назарҳо чунинанд, ки дастаҳои Марокаш ва Эрон дар баробари дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания дар ин гурӯҳ тавоноӣ надоранд. Аммо тавре мегӯянд, «Тӯб гирд аст ва аз он ҳар чиро интизор шудан мумкин». Инро вақт нишон медиҳад. Натиҷаи он дар давраи Чемпионати ҷаҳон аён хоҳад гашт. Дастаи мунтахаби Эрон дар радабандии федератсияи футболи ҷаҳонӣ аз ҳама дастаҳои иштирокдори бозиҳои Чемпионати чаҳони соли 2018 аз Осиё хеле боло меистад. Вай дар зинаи 24-ум қарор дорад. Тими миллии Эрон бо лақабҳои «Шерону палангони Эрон» ва «Шоҳзодаҳои Форс» машҳур аст. Ба даста Карлос Кейруши португалӣ тамрин медиҳад. Дар як гурӯҳ будани дастаҳои мунтахаби Португалия ва Эрон шояд барои ин мураббӣ он қадар гуворо набошад, аммо қуръакашӣ тақдири ин дастаҳоро бо ҳам пайвастааст, ки барои роҳхат ба бозиҳои минбаъда бо ҳам рақобат намоянд. Дастаи мунтахаби Эрон дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон солҳои 1978, 1998, 2006 ва 2014 роҳхатро ба даст овардааст. Аммо натиҷаи онҳо он қадар назаррас нестанд.
Дар Осиё дастоварди эрониҳо беҳтар аст ва онҳо се маротиба солҳои 1968, 1972 ва соли 1976 унвони чемпиони Осиёро сазовор шудаанд. Дар сабади дастовардҳояшон се медали биринҷӣ низ ҷой дорад.
Карлос Кейруш мураббии португалии тавонист эрониёне, ки дар хориҷи кишвар дар дастаҳои гуногун бозӣ мекарданд, ба ҳайати ин тим шомил намояд. Ба ҳамин тартиб Даниэл Довариро бо Ашкон Деҷага аз Германия, Ризо Кучанажодро аз Ҳоланд, Умед Назариро аз Шведсия, Стивен Бейташурро аз Канада ба ҳайати дастаи мунтахаби Эрон овард.
Дар натиҷа ин даста сабку услуби бозиашро тағйир дод. Ин даста соли 2014 дар Чемпиоанти ҷаҳон дар гурӯҳи «Ф» бо дастаҳои мунтахаби Аргентина, Нигерия, Босния ва Герсоговина рақобат намудан. Натиҷаи рақобат бо Нигерия 0:0, бо Аргентина 0 :1 ва бо Босния ва Ҳерсоговина 3:1 гардид. Пас аз ин Карлуш Кейруш ба истеъфо рафт. Ӯ боз баргашт ва дастаи мунтахаби Эронро ба сӯи қуллаҳои навбатӣ мебарад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон Сардор Озмун аз дастаи «Рубин»-и Қазон, Меҳдиӣ Тареми аз «Персиполис»-и Эрон, Кова Ризоӣ аз «Шерлуа»-и Олмон, Саид Изатуллоӣ аз «Амкар»-и Россия, Алиризо Ҷаҳонбахш аз «Алкмар»-и Ҳоланд ва Муртазо Пурлиганҷӣ аз «Ассадд»-и Қатар ҳунарнамоӣ мекунанд ва футболбозони шинохтаи Эрон ҳастанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Алиризо Бейранванд («Персеполис»), Рашид Мазоҳирӣ («Зуб Оҳан»), Амир Обидзода («Маритиму»).
Муҳофизатгарон: Ромин Резаиён («Остенде»), Муҳаммад Риза Ханзаде («Падиде»), Мортеза Пурлиганджи («Аль-Садд»), Педжман Мунтазирӣ, Маҷид Ҳусейнӣ, Рӯзбеҳ Чашмӣ (ҳама аз «Истиқлол»), Милод Муҳаммадӣ («Ахмат»).
Ниҳимоятгарон: Саид Изатолоӣ («Амкар»), Маъсуд Шоҷоӣ (АЕК, Афина), Меҳдӣ Торобӣ, Алӣ Гулизода (ҳар ду аз «Сайпо»), Ашкан Деҷага («Ноттингем Форест»), Умед Иброҳимӣ («Истиқлол»), Эҳсон Ҳаҷсафӣ («Олимпиакос»), Воҳид Амирӣ («Персеполис»), Сомон Ғоддос («Эстерсунд»).
Ҳамлагарон: Алирезо Ҷаҳонбахш (АЗ), Карим Ансорифард («Олимпиакос»), Меҳдӣ Ториемӣ («Алғаррофа»), Сардор Озмун («Рубин»), Риза Кучаннажод («Херенвен»).
Тақвими бозиҳои гурӯҳӣ «В»
15 июн. 20.00. Санкт-Петербург. Мароккаш – Эрон
15 июн. 23.00. Сочи. Португалия – Испания
20 июн. 17.00. Москва. «Лужники». Португалия – Марокаш
20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания
25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия
25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш