Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни мардон баргузор гардид

Май 8, 2018 16:22

ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб ва муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 5-6 майи соли 2018 дар толори варзишии ҶДММ «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни мардон баргузор карда шуд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мусобиқа дар доираи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018 ташкил гардида, дар он беш аз 50 нафар варзишгарони ҷумҳурӣ аз дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ва ШНТМ аз рӯи 7 вазн рақобат карданд.

Дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди дзюдо аз рӯи чунин вазнҳо муайян гардиданд:

Вазни 60 кг:

  1. Боқиев Сӯҳроб, Хатлон-1
  2. Суфиев Меҳрзод, Суғд
  3. Абдуллоев Иброҳим, Душанбе
  4. Аламов Сомон, ШНТМ

Вазни 66 кг:

  1. Ёқубҷон Боқиев, ВМКБ
  2. Хайрандеш Муродзода, Хатлон-2
  3. Муҳаммадраҷаб Ҳусейнзода, Суғд
  4. Парвиз Додов, Душанбе

Вазни 73 кг:

  1. Мирзоҷамил Рамазонов, Хатлон-1
  2. Ҷаҳонгир Шамоили, Хатлон-2
  3. Расул Саидов, Душанбе
  4. Сайёд Шайхов, ВМКБ

Вазни 81 кг:

  1. Акмал Муродов, Хатлон-1
  2. Кароматулло Ҳакимов, Душанбе
  3. Сабруллоҳ Ҳикматуллоев, ШНТМ
  4. Ҷаҳонгир Маҷидов, Хатлон-2

Вазни 90 кг:

  1. Комроншоҳ Устопириён, Суғд
  2. Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Душанбе
  3. Умар Боқиев, Хатлон-1
  4. Бахтовар Розиқов, Рашт

Вазни 100 кг:

  1. Саидҷалол Саидов, Душанбе
  2. Фирдавс Насимов, Хатлон-2
  3. Абдулло Сафаров, Рашт
  4. Фарёд Шайхов, ВМКБ

Вазни +100 кг:

  1. Шакармамад Мирмамадов, ВМКБ
  2. Фаридун Умедов, Суғд
  3. Абубакр Раҳмонов, Душанбе
  4. Носир Шерхонов, Хатлон-1

 

Май 8, 2018 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд