Фалзия Албакр, профессори Донишгоҳи Арабистони Саудӣ: «Бонувони тоҷикро зебову дилрабо ва дар тамоми соҳаҳо фаъол дарёфтам»
ДУШАНБЕ, 8.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ҷомеаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс олимону донишмандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Фалзия Албакр, профессори Донишгоҳи сотсиологии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зимни баромади хеш, пеш аз ҳама, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро яке аз воситаҳои хуби дӯстии ду кишвар арзёбӣ намуда, бо боварии комил иброз дошт, ки ҳамкории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.
«Пеш аз ҳама, бояд бигӯям, ки аз сафари хеш ба Тоҷикистон бисёр шодам, зеро Тоҷикистон хеле кишвари зебову сарсабз буда, гӯё биҳишти рӯи замин аст», — афзуд Фалзия Албакр.
Мавсуф дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ҷомеаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ» маъруза намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки занон имрӯз дар Арабистони Саудӣ дар қатори мардон баробаранд.
«Имрӯз дар баробари мардон занони Арабистони Саудӣ дар тамоми соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла соҳаи бонкдорӣ, тиб, маориф соҳибкорӣ кору фаъолият дошта, ба дигар давлатҳо низ барои табодули таҷриба ва таҳсили илм сафар мекунанд», — изҳор дошт профессори Донишгоҳи сотсиологии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
Фалзия Албакр дар идомаи сухан оид ба мушоҳидаҳои худ аз сафар ба Тоҷикистон чунин изҳори андеша намуд: «Дар тӯли ин чанд рӯзи сафар ба Тоҷикистон ҳамаи бонувони тоҷикро зебову дилрабо ва дар тамоми соҳаҳо фаъол дарёфтам».
Дар фарҷоми кори конфронс миёни меҳмонон ва иштирокдорон суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






