ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ. Олимон масъалаҳои нигаҳдории онро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии биологӣ ва 25 – солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ барои нигаҳдории ҳаёт дар рӯи Замин дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.
Мизи мудавварро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард: «Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 дар роҳи нигаҳдории гуногунии биологӣ дар кураи Замин саҳми намоён хоҳад гузошт. Агар ин ташаббуси Тоҷикистон аз як тараф ғамхорӣ нисбат ба инсоният бошад, аз дигар ҷиҳат омили нигаҳдории гуногунии биологӣ дар тамоми сайёра мегардад. Зеро асоси мавҷудоти ҳаёт ва гуногунии биологӣ ин об аст».
Номбурда таъсиси Маркази омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нигаҳдории гуногунии биологӣ муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки вазифаи олимон натанҳо мониторинги доимии пиряхҳост, балки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо омӯзиши роҳҳои илман асосноки ҳифзи онҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Сипас дар назди иштирокдорони мизи мудаввар раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода доир ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ – биологӣ дар мамлакат ибрози андеша намуд.
Ҷонишини директори БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саня Баянич аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди ҳифз ва нигаҳдории гуногунии биологӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 196 кишвари ҷаҳон аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли Конвенсияи СММ мебошад, ки барои ҳифзи гуногунии биологӣ, аз ҷумла, ҳайвоноти нодир ва пиряхҳои нотакрор саҳми назаррас дорад.
Дар кори мизи мудаввар олимону коршиносони соҳаи биологӣ аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок дошта, дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои бехатарии биологӣ ва нигоҳдории захираҳои генетикӣ», «Гуногунии биологии олами ҳайвоноти ҳавзаи дарёҳои Сиру Зарафшон ва масъалаҳои нигоҳдории онҳо», «Ҳифзи намудҳои калидии парандаҳои кӯчанда дар Осиёи Марказӣ» ва самтҳои стратегии нигоҳдории бабри барфӣ дар Тоҷикистон маърӯза намуданд. Аз ҷумла, маърӯза аз ҷониби номзади илми биологӣ Н. Сафаров дар мавзӯи «Рафти иҷрои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон», ноиби президенти АИ ҶТ Абдусаттор Саидов дар мавзӯи «Нигаҳдории намудҳои калидии ҳайвоноти ширхӯр дар Тоҷикистон», дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд И. Турақулов дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии омӯзиши олами набототи Тоҷикистон», директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АИ ҶТ Д. Наврӯзшоев дар мавзӯи «Масъалаҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори захираҳои намояндаҳои оилаи мураккабгулон (Asteraceae) дар Тоҷикистон» шунида шуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ, аз ҷумла, экосистемаҳо асос барои нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯи Замин аст ва захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд. Дар иртибот ба ин тадбирҳои дахлдор оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати фаромиллӣ доранд. Онҳо на фақат барои кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатовар буда, нест шудани ҳар навъи набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»













Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






