Хуҷанд: 7 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 32 заҳматкаши ақибгоҳ аёдат карда шуданд

Май 8, 2018 10:29

ДУШАНБЕ. 08.05.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Имсол ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм 73 сол пур мешавад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати иҷтимоию ғамхоронаи худ ба табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус пиронсолону собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумакҳои моливу моддӣ мерасонанд.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол низ чун солҳои қаблӣ дар арафаи Иди Ғалаба иштирокдорон ва собиқадорон аз ғамхориҳои Президенти мамлакат бенасиб намонданд.

Дирӯз сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 7 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон аз шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, кумакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маблағи 4000 сомонӣ, кумакпулиҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба маблағи 1200 сомонӣ тақдим намуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба 32 нафар заҳматкашони дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолиятдошта кумакҳои якдафъаинаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2200 сомонӣ супорида шуд.

Май 8, 2018 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид