Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертии ҳунармандони Арабистони Саудӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд.
Меҳмононро аҳолии меҳмоннавози шаҳри Ҳисор дар назди Қасри фарҳанги шаҳр бо карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд. Зимни сафари меҳмонон ба шаҳри Ҳисор дар Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консерти бо иштироки ҳунармандони Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қабл аз оғози барномаи консертӣ муовини раиси шаҳр Умеда Абдуллозода ва роҳбари гурӯҳи эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ал Умейр оид ба робитаҳои дӯстии ду кишвар баромад намуданд.
«Воқеан фарҳанг пайвандагари халқҳо мебошад. Боварии комил дорем, ки ин чорабинӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишвар ва муаррифии санъату фарҳанги ҳарду давлат саҳми арзанда мегузорад», — иброз дошт Умеда Абдуллозода.
Роҳбари гурӯҳи эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ал Умейр дар навбати худ зикр намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанг маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи сарони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ва кӯшишҳои Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафирони ду кишвар имконпазир гардид.
Гуфта мешавад, ки гулчини барномаи мусиқии аҳли фарҳанги Арабистони Саудӣ аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.













Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






