ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА «ДИССЕРНЕТ». Тадқиқоти журналистони АМИТ «Ховар» роҷеъ ба фаъолияти ин гурӯҳи ба ном маҷозӣ идома дорад

Май 4, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз он, ки дар сомонаҳои интернетӣ  ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» ҳангомае дар атрофи рисолаҳои илмии шаҳрвандони Тоҷикистон барпо кард, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади санҷиши асоснок будани далелҳои ин ташкилот гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин бора дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти ташкилоти «Диссернет», ки имрӯз ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардид, гуфта мешавад. Матни пурраи изҳороти Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро манзури хонандагони сомона мегардонем:

«Дар раванди кори гурўҳи корӣ маълум гардид, ки фаъолият ва соҳибнуфузии худи ташкилоти «Диссернет», ки ба қавли худаш «ҳадафи мубориза бо соҳибнуфузӣ дар илмро дорад», шубҳаовар буда, ташхисҳои он ҳамчун асос барои тасмим гирифтан дар ин самт метавонанд ба роҳи хато баранд. Вобаста ба ин чанд далелро, ки аз ҳамон сомонаҳои интернетӣ оид ба фаъолияти «Диссернет» дастрас аст (нигаред ба  унвонињои https://cont.ws/@fandоorin/567790, https://eto-fake.livejournal. com/ 1190042.html, https://uborshizzza.livejournal.com/3012153.html, https://think-head.livejournal.com/355157 html ва ғайра), ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем.

Аввалан, талаботи ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ нисбат ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби «Диссернет» худсарона ба ифрот расонида шудаанд. Ин ташкилот рисолаҳои илмие, ки тибқи тартиби пешинаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия дифоъ шудаанд, имрўз аз рўи талаботи тартиби нави аз ҷониби ин Комиссия муқарраргардида баррасӣ мекунад. Тибқи талаботи амалкунанда дар корҳои илмӣ бояд маводи иқтибосшуда ишора шуда, манбаи он зикр гардад. Вале ба ҳайси маводи иқтибосшуда кормандони «Диссернет» худсарона як қисми пурраи матнро баррасӣ менамоянд, ки қисмате аз он моли худи муаллиф аст. Дар баробари ин, «Диссернет» маводи дар ҳаммуаллифӣ бо роҳбар ё мушовири илмӣ нашрнамудаи унвонҷўро, ки дар илми ҷаҳонӣ ҳамчун як шакли тарбияи корманди илмӣ маҳсуб меёбад, худсарона асардуздӣ меҳисобад ва ғайра.

Сониян, ягон шахс ё ташкилоте ҳуқуқ надорад, ки рисолаҳои аз ҷониби КОА Федератсияи Россия тасдиқ нашударо кори анҷомёфтаи илмӣ ҳисоб намояд, аммо дар ташхисҳои «Диссернет» рисолаҳои илмие низ ба назар мерасанд, ки аз ҷониби худи унвонҷўён аз баррасии КОА Федератсияи Россия бозхонд шудаанд.

Сеюм, дар хулосаҳои ташхисии «Диссернет» истифода нагардидани ин ё он манбаъ аз ҷониби унвонҷў ҳамчун камбудии кори илмии ў ҳисобида мешавад, ҳол он ки тибқи талаботи муайяннамудаи КОА Федератсияи Россия муаллифон дар интихоби манбаъҳо озодии комил доранд.

Чорум, қонунҳо, стратегия, барнома ва санадҳои дигареро, ки дар рисолаҳои илмӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон истифода гардидаанд, «Диссернет» ҳамчун иваз кардани «ФР» ба «ҶТ» аз ҷониби муаллифони тоҷик меҳисобад, ҳол он ки худи санадҳои зикршуда бо истифода аз таҷрибаи Федератсияи Россия таҳия гардида, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ гардонида шудаанд. Дар ин росто қобили зикр аст, ки тамоми қонунгузории кишварҳои пешрафтаи дунё дар асоси таҷрибаи ҳуқуқии Рими қадим бунёд ёфтааст, вале касе ин амалро асардуздӣ намеҳисобад.

Панҷум, тибқи талаботи мавҷуда танҳо мутахассисони воқеӣ метавонанд томмияти мантиқӣ ва илмияти рисолаҳои дифоъшавандаро баҳогузорӣ намоянд, на воситаҳои техникӣ. Ташкилоти «Диссернет» бо сабаби надоштани мутахассисони соҳибкасб дар ташхисҳои худ танҳо ба воситаҳои техникӣ такя мекунад, ки хилофи талаботи тамоми меъёрҳо ва намудҳои илм аст.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки аз ҷониби «Диссернет» оддитарин талаботи ахлоқи илмӣ риоя намешавад. Масалан, тибқи тартиби муқарраргардида, рисолаҳои илмӣ ба таври оммавӣ дифоъ гардида, ду ё се моҳ қабл аз дифоъ онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон дастрас карда мешаванд, то тақризҳои худро пешниҳод намоянд. Вале «Диссернет» ягон маротиба дар ин муҳлати муқарраршуда хулоса пешниҳод накарда, рисолаҳоеро ташхис мекунад, ки даҳсолаҳо пеш дифоъ гардидаанд ва дар асоси тартиби мавҷуда ба онҳо ягон кас ҳатто ҳуқуқи апеллятсия додан ҳам надорад. Ё худ, ахлоқи ҳамида талаб мекунад, ки ҳангоми ба кори илмӣ эътирозе доштан, бояд ба муаллифи он имкон дода шавад, то андешаи худро оид ба ин эътироз иброз намояд. Вале, мутаассифона, «Диссернет» рисолаҳоеро низ ташхис мекунад, ки муаллифони онҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд.

Гузашта аз ин, шахсияти муассисони  «Диссернет» А. Заякин, М.Гелфанд ва С. Пархоменко низ аз нигоҳи олимони рус шубҳаовар буда, онҳо на барои соҳибнуфузӣ дар илм ва расидан ба ҳадафҳои илмӣ, балки бо мақсадҳои сиёсӣ фаъолият мекунанд ва ҳар се нафар ҷонибдорони оппозитсионери бо коррупсия маҳкум гаштаи Россия А. Навалний мебошанд. Ҳамчун гурезаи хоини рус А. Родченко, ки беасос варзишгарони ин кишварро бо допинг дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳам ва беобрў кардан мехост, мақсади «Диссернет» беобрў сохтани илми Россия мебошад. «Мутахассисони»-и ин ташкилотро худи олимони рус фарсахҳо дур аз илм дониста, масалан, яке аз онҳо Козляковро ҳамчун «ҷунунӣ», дигарӣ — Ерусалимскийро чун «масхарабоз» ва сеюмӣ – Бабитскийро ҳамчун «инсони кўчагӣ» ҳисобидаанд.

Чунонки маълум аст, арзиши муҳимтарин дар ахлоқ ё этоси илм ин беғаразӣ аст, ки хизмат ба ҳақиқатро мақсади асосӣ гузошта, ҳадафҳои дигарро (манфиати пулию молӣ, шарафёбӣ ва ғ.) чандон муҳим ва умуман зарурӣ ҳам намешуморад. Вале маблағгузории «Диссернет» хеле махфӣ буда, бо воситаи ҳамёни яндексӣ аз ҷониби хоҳагони дохилию хориҷӣ пур карда мешавад. Кормандони «Диссернет» тавассути таҳдидҳои (шантажҳои) диссертатсионияшон ба ришваситонӣ низ машғул мегарданд. Аз ҷумла, як корманди ин ташкилот, ки худ риёзидон аст, аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар яке аз шаҳрҳои музофотии Россия барои гузаштани машғулиятҳо аз фанни «Омор» маблағи калоне талаб кардааст, вале ҷавоби рад гирифта, бо нашри мавод дар саҳифаи «Диссернет» оид ба корҳои илмии омўзгорони ин таълимгоҳ қасди худро гирифтааст.

«Диссернет» яке аз шарикони ташкилоти барномасози «Анти-Плагиат»  буда, хизматрасониҳои онро, ки солиёни охир маблағаш хеле боло рафтааст, бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо ташхисҳои худ, таблиғ мекунад. Ҳамзамон, «Диссернет» ба таври ғайриқонунӣ ба бойгонии Китобхонаи давлатии Россия дастёб гардида, маводи онро ғайри қонунӣ ба савдо гузоштааст.

Ҳамаи ин далелҳои оварда, ки ба қавли худи мардуми рус «паҳлўи дигари медал»-ро оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи Россия бо номи «Диссернет» танҳо аз ҷиҳатҳои манфӣ муаррифӣ месозанд ва беғаразии онро дар ташхисҳои илмӣ инкор менамоянд, имкон намедиҳанд, ки дар асоси хулосаҳои он нисбат ба рисолаҳои илмии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими дурусте гирифта шавад. Аз ин рў, мо бояд рисолаҳои зикршударо бо қувваи мутахассисони худи кишвар мустақилона аз нав ташхису баҳогузорӣ карда, ба хулосаҳои «Диссернет» ҳамчун ба даъвое, ки заминаи илмию ҳуқуқӣ  надоранд, муносибат намоем».

Май 4, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд