Меҳмонони беларусӣ зери навои тоҷикӣ ба рақс баромаданд

Май 15, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 майи соли ҷорӣ иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданд. Онҳо инчунин зери оҳанги тоҷикӣ ба рақс баромаданд.

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи бошукӯҳи ҳунарии ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.

Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода дар ифтитоҳи барномаи консертӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар сухан ронд.

Роҳбари ҳайати эҷодии Рӯзҳо, Раиси ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи «Хорошки» Александр Никита гуфт, ки аҳли гурӯҳ аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Ваҳдат ба ваҷд омаданд.

Қобили зикр аст, ки аҳли толор ба барномаи ҷолиби ҳунарпешаҳои беларусӣ аҳсан хонданд. Рақсҳои ҷолибу миллии ансамбли «Хорошки», таронаҳои дилнавози ҳунарпешаҳои хизматнишондода Владимир Громов ва Алёна Ланская аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. Суруди машҳури «Муҳаббат», ки армуғони меҳмонони беларусӣ ба аҳли толор буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Май 15, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд