Мирзо Исмоилзода президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб гардид

Май 1, 2018 15:14

ДУШАНБЕ, 01.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯро ба ин вазифа дар ҷаласаи пленуми федератсияи мазкур, ки рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, интихоб карданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпипи Тоҷикистон хабар доданд.

Мирзо Исмоилзода, ки 11-уми марти соли 1967   таваллуд шудааст ва аз  соли 2015 инҷониб раиси Ширкати кушодаи саҳҳомию ҳолдингии “Барқи тоҷик” мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки  тенниси рӯи миз дар Тоҷикистон  кайҳо боз мухлисон ва шавқмандони зиёд дорад. Солҳои пеш донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Инна Коваленко дар ҳайти дастаи Тоҷикистон чемпионкаи мутлақи СССР ва соли 1982 дар ҳайти дастаи мунтахаби СССР чемпионкаи Европа шуда буд.

Ба рушди тенниси рӯи миз ҳамчун намуди олимпии варзиш имрӯз низ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз солҳои тӯлонист, ки аз ҳисоби варзишгарони ин шаҳрҳо таркиб меёбанд.

Зулфинисо Саидолимова, Сумаяи Амирӣ, Азиза Қориева, Азиза Раҷабова, Зарина Шарифова, Ганҷина Раҷабова, Инъом Саидов, Авзал Маҳмудов, Миряҳё Яҳёев, Убайдулло Султонов, Сомони Ҳусейн, Шӯҳрат Муқимов ва дигарон теннисбозони моҳири кишвар маҳсуб мешаванд.

Роҳбари  нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон  ният дорад, ки бо гузаронидани мусобиқоти дохили кишвар истеъдодҳои навро аз байни варзишгарони тоҷик дарёфт намуда, ба ҳайати дастаҳои мунтахаб дохил кунанд ва онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар намоянд. Зеро теннисбозони тоҷик танҳо дар мавриди рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ таҷоруби хуби бозӣ касб мекунанд.

Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовару дӯстдоштаи наврасону ҷавонони тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаҳои махсуси тенниси рӯи миз сохта мешаванд, ки барои оммавӣ гардидани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Тавре медонем, моҳи сентябри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Майдони нави тенниси рӯи мизро ифтитоҳ намуданд ва ба шахсони масъул дастур доданд, ки ин майдони варзишии  замонавиро барои гузарондани мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байнгалмилалӣ истифода  баранд. Ҳамчун дӯстдори ин навъи варзиш Сарвари давлат тавсия доданд, ки ин намуди зебои олимпӣ дар мамлакат, махсусан байни ҷавонону наврасон рушд дода шавад. Ҳоло ҳамасола дар моҳи сентябр дар ин ҷо Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  ин Муҷтамаи замонавии варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд ёфта, аз се майдончаи теннис  ва  2,6 ҳазор ҷои нишасти тамошобинон иборат аст ва дар 2,5 ҳазор метрии мураббаъ доман паҳн кардааст.

 

Май 1, 2018 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад