Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол»: «Мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем»
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар бораи он, ки мусовӣ ҳам моро қаноатманд мекунад, фикр накарда, танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем», — ин нуктаро дирӯз зимни нишасти хабарӣ Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе тазаккур дод.
Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, қабл аз бозӣ, 15 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки сармураббиён ва бозигарони ҳарду даста нишасти хабарӣ баргузор шуд. Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол» доир ба омодагии хуби бозигаронаш ва таассуроташ аз бозии қаблӣ бо «Алтин Асир» чунин иброзӣ андеша намуд: «Дар даври дуюм, вақте ки мо дар сафар бозиро бо дастаи «Алтин Асир» бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом додем, гуфтам, ки ҳама чиз дар даври ниҳоӣ дар Душанбе ҳал мешавад. Ин пешгӯиям рост баромад. Мо ба бозӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир» бисёр омодагии ҷиддӣ дидем. Барои аз гурӯҳ баромадан як қадам мондааст, қадами муҳим ва душвор. Мо тамоми кӯшишамонро барои аз гурӯҳ баромадан сафарбар хоҳем кард».
Ҳамчунин дар идома М. Муҳаммадиев баён дошт, ки аз ҳама муҳим пеш аз бозӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир» ҳамаи бозигарон дар ҳолати омодабош қарор доранд ва ба рақобат бо хоҳиши зиёд тайёрӣ мебинанд. «Дастаи футболи «Алтин Асир» ҳарифи анъанавии мост. Онҳо дастаи моро хуб медонанд, мо низ онҳоро хуб медонем, — афзуд сармураббии дастаи «Истиқлол». Мо дар бораи он, ки мусовӣ ҳам моро қаноатманд мекунад, фикр накарда, танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем».
Дар навбати худ Язгулӣ Хоҷагелдиев, сармураббии дастаи футболи «Алтин Асир» изҳор намуд, ки дастааш дар бозӣ ба муқобили «Истиқлол» барои бохти порсола интиқом мегирад. Ӯ ҳамчунин аз доштани имконияти аз гурӯҳ баромадан ба даври навбатӣ изҳори хушҳолӣ намуд. Аз ҷумла, дар ин хусус ӯ чунин иброз дошт: «Мо хушҳолем, ки имконияти аз гурӯҳ баромаданро то даври ниҳоӣ нигоҳ доштем. Ба бозӣ ба муқобили дастаи «Истиқлол» ба таври муқаррарӣ омодагӣ дидем. Дар бозии хонагӣ бо дастаи «Истиқлол», ки моҳи март бо ҳисоби 2 бар 2 хотима ёфт, бачаҳои мо таҷрибаи кофии бозӣ касб карданд. Ҳоло бачаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд ва ба бозии душвор муқобили «Истиқлол» омода мешаванд. Чунин меҳисобам, ки ҳарду даста ҳамдигарро хуб медонанд. Бозии имрӯза ғолиби гурӯҳро муайян хоҳад кард».
Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол» бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Дастаи футболи «Алтин Асир» бо 11 имтиёз дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷои севум ва дастаи футболи «Олой»-и Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум қарор доранд.
Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2018 27 октябри соли равон доир мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






