«ОБОД НАМУДАНИ ВАТАН НИЗ ИБОДАТ АСТ!». Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Май 23, 2018 08:07

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе доир гардид ва муҳимтарин   масъалаҳои ҳаёти мамлакат ва ҷаҳонро дарбар гирифт, миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон  ҳамовозӣ  ва ҳамназарӣ  ба амал овард.

Дар зер шарҳи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДАро вобаста ба нуктаҳои асосии суханронии Сарвари давлат пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки   12-уми   май  доир гардида буд,   ҷойгоҳи динро дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле одилона нишон доданд: «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».

Дар ин гуфтори муқаддимавӣ он нукта таъсиргузор аст, ки ислом омили асоситарини таҳкими адабу ахлоқ мебошад. Яъне ягон омили дигаре бештар аз дин наметавонад ба инсонҳо таъсири ахлоқӣ расонад.

Сарвари давлат сабабу омилҳои бисёре аз ихтилофоти ҷаҳони муосирро, аз ҷумла, моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро муфассал шарҳ доданд. Далелҳои овардаи Пешвои миллат  ҳар фардро ба андеша водор мекунад: «Агар дар асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панҷ миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллионҳо нафарро ташкил додааст».

Ин рақамҳо дар ҳақиқат ташвишоваранд. Таҷрибаи Сурияву Ироқ ва Либия барои ҳар давлат бояд сабақдиҳанда бошад. Дар чунин ҳолати пурхатар танҳо он давлатҳое осеб намебинанд, ки мардумонаш дар гирди давлати хеш ҷамъ омада, некро аз бад ба хубӣ фарқ карда метавонанд, ба таассубу хурофот ва мафкураи бегонаи зараровар тааллуқ намегиранд, аз пайи мақсадҳои худ мераванд.

Аз ин ҷиҳат,  Сарвари давлати тоҷикон дуруст қайд намуданд, ки «ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор ва  сарҷамъу муттаҳид бошанд.  Ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Тоҷикистон аз нигоҳи касби истиқлол ҳамагӣ беш аз чоряк аср умр дорад, вале таърихи афкори инсонпарваронаи тоҷикон, ғояҳои башардӯстонаи бузургони тамаддуни мо барои дигарон намунаи ибрат буда метавонад. Махсусан таълимоти башардӯстонаи асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит,   бузургони дину адабу ахлоқи мо — Муҳаммад ал-Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигарон барои миллати шарафманди тоҷик сарчашмаи омӯзиши адабу ахлоқ ба шумор мераванд. Пешвои миллат махсус қайд намуданд, ки таълимоти Имоми Аъзам намунаи олии тарғиби исломи муътадил ба ҳисоб меравад ва барои мардуми мусулмони мо басо зарур мебошад. Мо бояд  ифтихор кунем, ки чунин мазҳаби таҳаммулпазир ва ниҳоят мувофиқ ба зиндагии иҷтимоиро дорем. Дар ин таълимот худдорӣ аз суханҳои ношоиста ва рафтори нописандида, нигоҳ доштани покии забон ва амалҳои шоиста, одоби баланди муошират, муомилаи бомуҳаббату самимият ба наздикону атрофиён шартҳои муҳим ба шумор меравад.

Бисёре аз суханони Сарвари давлат ба рукнҳои моҳи шарифи Рамазон дахл доштанд, махсусан дар ин моҳ додани хайру садақа ба бенавоён, ашхоси муҳтоҷу ятим ва камбизоат. Ин моҳи шариф фазилатҳои зиёде дорад ва яке аз онҳо ин аст, ки ҳар инсони доро бояд саҳми худро дар ободии макони зисташ, ба мардуми бенаво расонад ва имкон дорад дар беҳтар кардани шароити деҳаву ноҳияаш низ ҳиссагузор бошад. Худованди мутаъол дар  мавриди  анҷом додани  амалҳои нек фармудааст: «Кори некӯ кунед, то растагор шавед» (Ҳаҷ: 77).

Инчунин дар ояти дигаре дар бораи дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа мефармояд: «Ва бар некўкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед» (Моида: 2).

Расули Худо (с) низ дар як ҳадиси шарифашон фармудаанд:

«Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии муъминеро бикушояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рӯзи қиёмати ӯро мекушояд. Ва касе, ки бо тангдасте саҳлгирӣ кунад, Худованд дар дунё ва қиёмат бо ӯ саҳлгирӣ мекунад ва касе, ки айби мусулмонеро бипӯшад, Худованд дар дунё ва охират айби ӯро мепӯшад ва Худованд дар садади кӯмаки банда аст, то лаҳзае, ки банда дар садади кӯмак бо бародараш бошад» (Ривояти Муслим).

Аз ин ҷиҳат,  чуноне ки Пешвои миллат борҳо таъкид карданд:  «тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани чунин амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст».

Дар масъалаи садақаи фитр низ афкори Сарвари давлат комилан ба аркони дини мубини ислом мувофиқ аст. Ин садақа бояд, пеш аз ҳама, ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад. Ҳамчунин онҳое садақаи фитрро набояд диҳанд, ки серфарзанду камбизоат, ятиму маъюбанд ва онҳое, ки нигоҳубину парастории чандин нафари ғайри қобили меҳнатро ба зимма доранд ва худ низ ниёзманду камбизоатанд.

Дар масъалаи ҳаҷ кардани  такрорӣ низ ба суханони Пешвои миллат бояд таваҷҷуҳ кард. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷҷи такрорӣ ба мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд. Тавре ки дар суханронӣ зикр шуд, одамони тавонманд беҳтар аст, ки ин маблағро «барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд».

Тибқи қоидаи усулӣ аз ду кори хайр ва савоб ҳамонро бояд интихоб кард, ки савобаш бештар бошад, зеро ки ин навъ корҳо, дар ҳақиқат, садақаи ҷория маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар мусулмонро лозим аст, ки ба муҳтоҷону ятимон, пиронсолону бенавоён дасти ёрӣ дароз кунад. Ҳар кас барои ободонии диёр мактабу китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммому сартарошхона созад, ё ба маҳаллае оби ошомиданӣ биёрад, дар дунёву охират савоб хоҳад гирифт.

Дар ин мулоқот иштирокдорон аз суханҳои Пешвои миллат илҳом гирифта, ташаббус карданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард. Воқеан, ҳар кори нек дар пешгоҳи Худованд савоби даҳчанд дорад. Чунон ки дар ояти 160-уми сураи “Анъом” омадааст: «Ҳар касе некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст».

Ҳамаи ин корҳо баҳри беҳбудии ҳаёти мардум буда, садақаи ҷория ва амали хайр маҳсуб меёбад. Дар ин маврид шоире хеле бамаврид фармудааст:

Садҳо фаришта бӯса ба он даст мезанад,

К-аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар фарҳанги исломӣ ҳар кас асосгузор ё амалкунандаи суннати ҳасана бошад, то рӯзе, ки одамон он корро анҷом медиҳанд, барои ӯ низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хуб, то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд, савобаш ба омили он хоҳад расид.

Воқеан, яке аз самтҳои ниҳоят пурсамари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар солҳои истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ ҳамин аст, ки мудом бо аҳли зиё – уламои диниву дунявӣ, шоирону нависандагон ва донишмандон машварат мекунад ва онҳоро ба корҳои давлатдорӣ, раҳнамоии мардум ба сӯи зиндагии шоиста муваззаф мегардонад. Таърихи куҳани мо гувоҳ аст, ки танҳо шоҳони ботадбиру раиятпарвар чунин рафтор мекарданд ва мардуми сарбаланди тоҷик ҳаққи ифтихор дорад, ки чунин Пешвои дурандеш ва меросбари фарҳанги аҷдодӣ дорад.

Масъалаҳое, ки дар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷомеа баррасӣ шуданд, барои марҳилаи имрӯзаи давлати миллиамон ниҳоят зарур мебошанд ва хулосаашон ҳамин аст, ки дар ҷаҳони ниҳоят пурхатари муосир аз зиндагии осоишта ва амну осуда барои мардум ҳадафи волотаре нест. Маънии дину диёнат низ ҳамин аст ва бузургони дини мо, хоссатан мазҳаби ҳанафӣ ақлу адабро дар робита бо пайванди инсонҳо дар як ҷомеаи муваҳҳид айни саодати башарӣ мешумурданд. Ин навъ андешаи созанда дар ягон дини дигар ба ин сирату сурат ба мушоҳида намерасад. Ҳадиси мубораке ҳам гувоҳи ин гуфтаҳост: «Бо ҷамоат бошед, аз парокандагӣ дур шавед, зеро шайтон бо як нафар аст ва аз ду нафару се нафар ва дар маҷмӯъ аз аксарият дурӣ меҷӯяд».

Май 23, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд