Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон: 17 май – рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон
ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон 17 майи соли 2018 (баробар ба 1438 ҳиҷрӣ — қамарӣ), ки ба рӯзи панҷшанбе рост меояд, шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15 майи соли 2018 соати 16:48 ҳодисаи “Моҳи нав” рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16 май ба анҷом мерасад ва 17 май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Ёдовар мешавем, ки давомнокии моҳи Рамазон иборат аз 30 рӯз буда, 15 июни соли 2018 ба охир мерасад. Ҳамин минвол, Иди Рамазон 16 июни соли 2018 баргузор хоҳад шуд, ки ба рӯзи шанбе рост меояд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






