Шашмақом-шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ. Рӯзи Шашмақом муборак!

Май 12, 2018 10:23

Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол мешавад, ки 12-уми май ба унвони Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Таълифи асари чандҷилда дар бораи таърихи Шашмақом, мақоми давлатӣ касб кардани ансамбли ба номи Фазлиддин Шаҳобов, интихоби овозхонон аз миёни  ҷавонони боистеъдод ва ҳунармандони варзида,  зиёд намудани  ҳайати эҷодии он аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба хотири баланд бардоштани мақоми Шашмақом андешида шудаанд. Саҳми се ҳунарманди тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов дар рушди Шашмақом баланд арзёбӣ мегардад. Дар солиёни баъдӣ беҳтарин овозхонон ва нағмапардозон, аз қабили  Норё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Карим Қосимов, Нуъмон Тоштемиров, Лола Баракаева, Ёкуб Бободўстов  ва пайравони ин жанри мусиқии асил бо садояшон фалакро тасхир сохтаанд. Имрўз низ ин шохаи санъат бо номбардоронаш миёни мардум маҳбубияти хоса дорад ва ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи Шашамақом бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

Шашмақом шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ мебошад. Ба туфайли Истиқлолият ва ваҳдату ягонагии сокинони кишвар дар тамоми минтақаҳои мамлакат нисбат ба ин шоҳкории бузург арҷгузорӣ карда мешавад.

Шашмақом дар Феҳрасти Юнеско

Шашмақом, ки яке аз мусиқиҳои қадима ба ҳисоб меравад, дар миқёси байналхалқӣ нуфузу эътибори хосаро доро гардидааст.  7-ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов

Аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён соли 1947 дар назди Радиои РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон сафарбар шуданд. Ин даста баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд.

Фаъолияти пурбору ҳунарии даста дар ҷараёни сабти адвории «Шашмақом», ки бештар тавассути устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов бо ҷалби донандагони санъати мақом Саидхони Ҳисорӣ, Муҳиддин Мавлонов, Нериё Аминов ва дигарон сурат мегирифт, назаррас аст. Тавассути пешоҳангону сарварони дастаи мақомсароён мактаб ва сабки иҷроии Душанбе бо риояи анъаноти иҷроии сабки Бухоро, яъне услуби аслии мақомхонии тоҷикӣ ташаккул ёфт. Барои таҳким ва рушди санъати мақом ва мақомсароӣ нимаи аввали солҳои 50-ум нерӯҳои нави иҷроӣ чун Барно Исҳоқова, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемиров, Абдуназар Ҳасанов, Турсун Ӯлмасов ва дигарон ба даста шомил шуданд.

Соли 1964 фаъолияти дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нави иҷроӣ таҳти сарварии Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пурвусъат шуда, сарояндагони пурумед Б. Ниёзов, М. Исҳоқбоева, Л. Баракаева, К. Қосимов, Б. Яхшиев, Ҳ. Маҳмудов, А. Солиев ва дигарон шомили даста шуданд. Солҳои 70-ум бошад ба дастаи мақомхонон истеъдодҳои нав София Бадалбоева, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Маҳбуба Боҳирова, Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов, навозандагони боҳунари созҳои мусиқии миллӣ Г. Саодатов, А. Абдуллоев, Ф. Ӯлмасов ва дигарон ворид шуда, дар вусъати иҷрои мақомҳо саҳми хоса гузоштанд.

Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, С. Наҷмиддинова, Л. Мӯъминова ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид.

Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, А. Бобоқулов, Б. Ниёзов, А. Солиев ва баъдан А. Абдуллоев ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тиллоии радиои тоҷик сабт намудаанд. Ансамбли давлатии шашмақомхонон иштирокдори чандин ҷашнвора ва симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд-1978, 1983, 1987, Душанбе-1990, Теҳрон-2000, Исфара-2003, Душанбе-2006), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Россия, Франсия (Москва, Париж-2005) ва ғайра буда, мероси пурмояю санъати олишони мақомҳоро бо диду бардоштҳои нави иҷроӣ манзур намудааст. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. Ансамбли давлатии «Шашмақом» соли 2000 бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.

«Шашмақом» дар дигар давлатҳо бо номҳои гуногун

?

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» омӯзгори калони кафедраи сарояндагӣ – анъанавии факултаи мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Абдурасул Исмоилов баён намуд:  «Шашмақом мусиқии касбии халқи тоҷик аст ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун соҳиби мусиқӣ ва анъана муаррифӣ мекунад. Зеро ҳар як давлат мусиқии хоси худро дорад. Масалан дар Ҳиндустон «Рага» аст, он ҳам ба монанди мусиқии  классикии шашмақом ва фалак мусиқии халқии онҳо ба шумор меравад».

Ба зикри Абдурасул Исмоилов, Шашмақомро дар дигар давлатҳо ҳам бо шаклҳои гуногун, аз ҷумла дар Озарбойҷон  «муған», Эрон «дастгоҳ», уйғурҳо «муға», Ӯзбекистон «мақом» ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Ӯзбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ иҷро карда мешавад.

Мактаби суннатии «устод ва шогирд»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақом ва Фалак шароити мусоид муҳайё месозад.

«Мақсад аз қабули барномаи мазкур ва роҳандозии мактаби суннатии «устод-шогирд» аз он иборат аст, ки шогирд дар назди устод панҷ ё даҳ сол таҳсил мегирад, бо ҳамон услуб аз устод на танҳо  оҳангро меомӯзад, балки ҳамаи он сифатҳои беҳтарини устодашро ҳамчун намунаи ибрат қабул мекунад, меҳраш ба ин касби нозук устувор мешавад. Меҳри касбро ба дили шогирд ворид кардан бисёр кори душвор аст ва маҳз  услуби таълимии устод ва шогирд ин вазифаи хеле ҳам муҳимро иҷро мекунад»,-зикр кард Абдурасул Исмоилов.

Ба андешаи номбурда, шогирд дар ҷараёни таҳсил мушоҳида мекунад, ки устодаш дар кадом марҳилаи зиндагӣ ва кадом дараҷа қарор дорад,  чӣ гуна асбобҳои мусиқиро менавозад ва обрӯву нуфузашро дар ҷомеа чӣ тавр меёбад. Ҳамаи ин нозукиҳо дар ҷараёни истифодаи таълим бо услуби  «устод ва шогирд» аз бар карда мешаванд. «Фикр мекунам, ки ин иқдоми Ҳукумат барои тағйир додани низоми таълим дар мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, мактабҳои олӣ, консерватория ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба ҳамон натиҷа оварда мерасонад, ки мо нозукиҳои касби сарояндагӣ, навозандагӣ ва мутрибиро аз нав эҳё кунем»,-хулоса кард ҳамсуҳбат.

Бояд зикр намуд, ки ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар мебошад.

Зарангези  ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Май 12, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард