Суруди машҳури «Муҳаббат» ва оҳанги оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар иҷрои солистони оркестри Ансамбли «Хорошки»-и Беларус

Май 17, 2018 11:17

ДУШАНБЕ, 17.05.2018. АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 16 майи соли  ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Беларус ва беларусҳо» ва барномаи консертии бошукӯҳ баргузор гардид.

Тавре хабарнигорони АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН хабар медиҳанд, ҳаводорони санъати тасвирӣ ва дӯстдорони таърих тавонистанд, ки тавассути намоиш ба таърихи Беларус ва зиндагии мардуми он шинос шаванд.

Дар оғоз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус, ки чандсолаҳо қабл шурӯъ гардида буданд, сухан ронда, иброз дошт, ки Рӯзҳо оғози марҳилаи нави муносибатҳои дуҷониба ва густариши доираи ҳамкорӣ бо Беларус хоҳанд буд. «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко таъкид намуданд, ки Беларус барои мо шарики боэътимод ва дӯсти наздик буд, ҳаст ва мемонад», — гуфт Ш. Орумбекзода.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар ба мардуми тоҷик барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ сипос гуфта, оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи президентҳои ду кишвар ибрози андеша намуд. «Ҳамкории фарҳангӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳи кӯтоҳтарин мебошанд. Мо умед дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард», — изҳори боварӣ намуд Ю. Бондар.

Бояд гуфт, ки аҳли толор бо намунаи беҳтарини санъати анъанавӣ ва дастовардҳои муосири халқи Беларус, аз ҷумла рақсҳои миллӣ, сурудҳои эстрадӣ ва классикии ҳунарпешагони беларус шинос шуданд.

Сурудҳои дилошӯб ва гӯшнавози Ҳунарпешагони шоистаи Беларус Виктор Громов ва Алена Ланская, рақсҳои мавзун ва дилнишини Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки»-и Ҷумҳурии Беларус муаррифгари беҳамтои санъати Беларус ба мардуми тоҷик буданд. Суруди машҳури «Муҳаббат» ва оҳанги оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар иҷрои солистони оркестри Ансамбли «Хорошки» ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Май 17, 2018 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад