ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ – ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ роҷеъ ба ин мавзӯъ суҳбати гирди мизи мудаввар доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳолии синни қобили меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 аз 5,6 миллион нафари ҳозира ба 6,9 миллион нафар мерасад», — чунин зикр шуд дар суҳбати гирди мизи мудаввар, ки дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар нишаст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар роҷеъ ба сиёсати пешгирифтаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул сухан кард. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ буда, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кору шуғли пурмаҳсул ва дар заминаи он фароҳам овардани зиндагии шоиста ба аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи таъмини шуғли пурмаҳсул яке аз масъалаҳои муҳиму калидӣ буда, бори аввал дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ворид карда шудааст. Инчунин дар мамлакат Стратегияи рушди бозори меҳнат то соли 2020 қабул гардидааст. Зикр гардид, ки бо бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО «Роғун» дар мамлакат корхонаҳои азими саноатӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ бунёд ва ба кор дароварда хоҳанд шуд, ки саҳми онҳо дар фароҳам овардани ҷойҳони нави корӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо шуғли пурмаҳсул ва мушарраф гардидани аҳолии мамлакат ба зиндагии шоиста муҳим ҳоҳад буд.
Дар суҳбати мизи мудаввар ҳамчунин гуфта шуд, интизор меравад, ки бо татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷойи 60–умро касб намояд, ки ин тамоюл муваффақияти бузург хоҳад буд. Тибқи таҳлилҳо, то соли 2030 аҳолии кишварамон ба 11,5 миллион нафар расида, аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ аз 44,2 % ҳозира дар соли 2030 то ба 70 % афзоиш меёбад.
Дар ҳамоиш олимону коршиносон атрофи паҳлуҳои рушди бозори меҳнат бо назардошти истифодаи самараноки иқтидорҳои дохилии кишвар, низоми бозомӯзии кадрҳо ва омода намудани мутахассисони ҳирфаии ба рақобат тобовар дар бозори меҳнат, ислоҳот дар низоми шуғли пурмаҳсул, ҳавасмандгардонии шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёти кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат табодули назар намуда, пешниҳодҳои самарабахш ироа карданд.













Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»






