Юрий Бондар, Вазири фарҳанги Беларус: «Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон риштаҳои дӯстиро мустаҳкамтар мегардонад»
ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар оғози нишаст Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода меҳмононро бо ин падидаи гуворои фарҳангӣ шодбош намуд.
Дар навбати худ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад. Юрий Бондар зикр намуд, ки воқеан фарҳанг пайвандагари халқҳо мебошад. «Боварии комил дорем, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишвар ва муаррифии санъату фарҳанги ҳарду давлат ҳиссаи арзанда мегузорад», — изҳори итминон намуд Ю. Бондар.
Дар идома Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус афзуд, ки ин Рӯзҳо маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко, инчунин бо кӯшишҳои вазоратҳои фарҳанги ҳарду давлат баргузор гардиданд.
Зимни нишаст Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар маълумот дод. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким меёбад.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин вазирони фарҳанги ҳарду давлат ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






