Дар рӯзи ид дастархони маънавӣ ва камхарҷ ороем. Дар партави суханронии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Июнь 4, 2018 10:22

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, 12 майи соли равон баргузор гардид, муҳимтарин масъалаҳои дохиливу хориҷӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.  «Суханони Пешвои миллат барои ҳамаи мо як барномаи мукаммали амал барои ободии диёр, баланд бурдани некуаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат мебошад», — иброз намуд зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло МИРЗОЗОДА.

-Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, ки бесабаб набуд. Моҳи шарифи Рамазон барои сокинони мусулмони сайёра моҳи муқаддас ва муборак маҳсуб ёфта, дар ин моҳ яке аз фаризаҳои худовандӣ, яъне рӯза гирифтан амалӣ мешавад. Ин моҳро ҳамватанони мо, пиру барно давоми сол интизор мешаванд ва бо ихлосу боварӣ истиқбол мекунанд. Мардуми ботақво дар ин моҳ тоату ибодат мекунанд ва шахсони дорои шароит дасти сахо ба сӯи ашхоси ниёзманд дароз месозанд.

Пешвои миллат оид ба ин масъала бисёр мушаххас ва фаҳмо, бо овардани оятҳои қуръонӣ ишора намуда, бамаврид фармуданд: «Дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ кунанд, ба аёдати падару модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».

Бо пайравӣ аз ин роҳнамоиҳои Пешвои миллат, тайи чанд соли охир ташкилоту муассиса, вазорату кумитаҳо, инчунин шахсони баору номус ва саховатпешаи ҷумҳурӣ  ба оилаҳои камбизоату ниёзманд, хонаҳои пиронсолону маъюбон пайваста кумакҳои хайриявӣ мерасонанд.

Кӯшишҳои Пешвои миллат дар ин самт, пеш аз ҳама, ба он равона шудаанд, ки оилаҳои осебпазири ҷомеа оҳиста-оҳиста сатҳу сифати зиндагии худро боло бурда, ба ҳамин восита беҳбуди рӯзгори худро таъмин созанд. Тибқи фармудаҳои шариати ислом низ садақаи фитр набояд ба шахсони дорою ходимони дин, балки пеш аз ҳама, ба хеши наздики ниёзманд, ятиму нодор, маъюбу мусофиру қарздор дода шавад. Дар баробари ин, дар ин моҳи шариф дар мағозаву бозорҳо аз ҷониби баъзе шахсони ҳангоматалабу беинсоф беасос боло бурдани нарху навои маводи хӯрокӣ ба мушоҳида мерасад.

Масалан, чанд рӯз қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон якбора дар баъзе дӯкону мағозаҳои шаҳри Душанбе гӯшт камёфт гардида, рӯзҳои баъдӣ нархи гӯшти гов аз 36 сомонӣ то ба 39-40 сомонӣ боло рафт. Фурӯшандаҳо ҳолатро дар кам ворид шудани гӯшт маънидод мекарданд, ки ба ҳақиқат дуруст намеояд, чунки нархи гӯшт дар ҳама шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт бетағйир мондааст. Ба ҳамин монанд, нархи баъзе аз анвои меваҷот низ рӯ ба баландшавӣ дорад.

Аз рӯи гуфтаи таҳлилгарон, дар даҳаи сеюми моҳи шарифи Рамазон эҳтимолияти болоравии нархҳо зиёд мебошад, ки онро ба омад-омади иди Рамазон алоқаманд медонанд. Бозорнишинҳо бо ин амалашон ният доранд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, маблағи бештар ба даст биёранд.

Ин ҳолатро дар хизматрасонии мошинҳои шахсии мусофирбари байни шаҳру ноҳияҳо ҳам дидан мумкин аст. Ду-се рӯз пеш аз ид дар ҳама терминалҳои мусофирбари пойтахт як ҳолати номақбул ба миён меояд. Нархҳои муқарраршуда се-чор маротиба беасос боло рафта, аз инсофу имондорӣ нишонае намемонад. Аҷибии кор дар он аст, ки масъулон, танзимгарони соҳа ба ҳамаи ин корҳо чашм пӯшида, ба касе кор надоранд. Назорат аз болои фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар амалӣ карда намешавад, ҳарчанд ки дар мамлакат рақами давлатии мошинҳои шахсони соҳибкори мусофиркаш ранги хоси худро дошта, танҳо онҳо ҳаққи хизматрасонӣ доранд, вале мутаассифона, дар ин рӯзҳои «мавсимӣ» аксари мошиндорон ба ин «тиҷорат» даст мезананд, манфиат меҷӯянд, вале инро масъулон нодида мегиранд. Ин нодидагириҳо далолат аз он мекунад, ки шояд ҳама ҷонибҳо аз ин бесарусомониҳо манфиат мебаранд, чунки ба гуфти баъзеҳо «мавсим аст, мавсим». Оё ҳамин аст мусулмонии мо?

Ҷаноби Олӣ дар мулоқоти худ бамаврид зикр карданд, ки дар аксар давлатҳои мусулмонии дунё ба хотири савоби бештар ёфтан дар моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои ид нарху наво баръакс поён рафта, ҳатто ройгон тақсим намудани маводи хӯрокӣ кори маъмулӣ гардидааст. Чаро мо чунин кор накунем?

Дигар масъалаи доғи рӯз ин хариди зиёди маводи хӯрокӣ дар арафаи идҳо аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Тарғибгару ҳавасманди чунин корҳо бештар модарону хоҳарон, соҳибхоназанҳо буда, баъзан рӯйхати фармоиши хариди анвои зиёди лозиму нолозими хӯрокиҳоро омода мекунанд. Омодагиҳо ду-се шабу рӯз давом мекунанд, дастархонҳо ба андозаи дарозии ҳуҷраҳо густурда мешаванд. То чанд соли охир як навъ намоиши дастархони беҳтарин дар маҳалҳо аз ҷониби занҳо роҳандозӣ гардида, аз сӯи иштирокчиён «дастархони кӣ беҳтар?» гӯён худнамоӣ ва як навъ озмунҳо амал мекарданд.

Хушбахтона, аз соли гузашта ба ин тараф ин масъала низ муътадил, хариди маҳсулот камтар ва андозаи дастархонҳо низ аз як то якуним метр маҳдуд гардид. Яъне ҳамин гуна дастархонҳои хоксоронаи камхарҷ ҳам ҷавобгӯи ниёзи меҳмонон мебошанд. Чунки дар давоми рӯз аз чор-панҷ нафар зиёдтар меҳмон намешавад ва зарурати густурдани дастархони васеътар намондааст.

Соли 2017 ба қонуни миллиамон мафҳуми нав- «дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона» ворид гардид, ки бисёр бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Шояд ба хонанда дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона нофаҳмо бошад, бинобар ин, зарур шумурдем, чанд сухан дар ин боб гуфта бошем. Чун қоида, дар рӯзҳои ид шаҳрвандон бештар ба хонаи шахсони азодор ба фотиҳахонӣ мераванд, табиист, ки ба азодор изҳори таслият ва ҳамдардӣ намудан муҳимтар аст, аз он ки андеша кунем болои дастархони ӯ кадом анвои хӯрок гузошта шудааст.

Ба гумони банда, вақти он расидааст, ки ҳамаи мо, чӣ хизматчии давлативу соҳибкор ва ё шаҳрванди қаторӣ, бояд корҳои хайру сахоро аз доираи дастархони хайру худоӣ ва шикамчаронӣ ба берун, барои ободии маҳал, бунёди боғу шабакаҳои обрасонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббию майдонҳои варзишӣ, ҳаммомхонаю сартарошхона нигаронида, бо ин амали некамон як гӯшаи Ватанро обод намуда, савоби бештар ба даст биорем.

Бо ҳамин ниятҳои нек Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар зикр карданд: «Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».

Ин гуфтаҳо барои ҳамаи мо як барномаи мукаммали амал барои ободии кишвар, баланд бурдани некуаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои ҳар сокинони мамлакат мебошад. Пас, моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами худ беш аз пеш сарҷамъ гардида, барои амаликунонии ин ниятҳои нек ва созанда камари ҳимматро боз ҳам мустаҳкамтар бандем ва фарҳангофар будани миллати куҳани худро бори дигар исбот намоем.

  

Июнь 4, 2018 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид