Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо коррупсияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи судҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар вохӯрии мазкур муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба паҳлӯҳои мухталифи ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад».
«Мубориза бо коррупсия самти муҳими сиёсати давлатии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва дар ин самт заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ташаккул ёфта, ҳамкории байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад»,-иброз дошт Зокир Аминзода.
Зикр гардид, ки барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба он имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошт ва он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ карда мешавад, яъне порагиру порадеҳ дигар бо супоридани ҷарима озод намегарданд, балки ҳабс карда мешаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






