Деҳқонони ноҳияи Ховалинг имсол кишти картошкаро сари вақт ва хушсифат анҷом медиҳанд

Июнь 11, 2018 16:31

 ХОВАЛИНГ,  11.06.2018  /АМИТ  «Ховар»/. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг бо интихоби тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мусоид ба кишти картошка оғоз намуд.

Тавре  аз  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  иттилоъ  доданд,  шурӯъ аз соли 2017 тибқи барномаҳои давлатӣ хоҷагии ҷангали мазкур як зумра  техника, аз ҷумла, ду трактори тамғаи МТЗ бо мошинолот дастрас намуд. Бо истифода аз техникаи мавҷуда ва ҷалби кормандони хоҷагӣ  роҳбарият мақсад доранд кишти картошкаро сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида анҷом диҳанд.

Барои риояи коидаҳои агротехникӣ ва вайрон накардани тухмӣ картошкаи нешзадаро дастӣ мешинонанд.

Ба гуфти кормандони раёсати кишоварзии ноҳияи Ховалинг, дар ин ноҳия вобаста ба иқлими маҳал ҳамасола аз аввали моҳи апрел то 15 июн кишти картошка идома меёбад. Бо дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ, тухмии хушсифату нуриҳои органикӣ ва минералӣ ҳосилнокии картошка ҳамасола афзоиш меёбад.

Дар хоҷагии ҷангали мазкур ҳамчунин дар майдони як гектар пиёз коридаанд.

 

Июнь 11, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад