«Маҷмӯаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби 7 ҷилдаи «Маҷмӯаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ гардид.
Тавре аз Академияи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҷамъомад олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони назм иштирок доштанд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни муаррифии китоби мазкур нақши осори шоирро дар рушди адабиёти тоҷик беназир арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки эҷодиёти Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982), «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993) ва ғайра ба табъ расида, миёни хонандагони тоҷик маъруфияти хоса пайдо намуд. Осори шоир ҳамчунин ба забони русӣ ва забонҳои дигари хориҷӣ интишор ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷамъомад намояндагони аҳли зиёи мамлакат, ба монанди Абдунабӣ Сатторзода, Носирҷон Салимӣ, Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Кароматулло Олимов ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи китоби «Маҷмӯаи осор» -и Аскар Ҳаким, аз ҷумла, аҳамият ва нақши тарбиявии он барои хонандаи тоҷик ибрози андеша намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






