Мавзеи таърихии Қалъаи Муғ дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ дари худро ба рӯи сайёҳон боз мекунад
ДУШАНБЕ, 16.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавзеи таърихии Қалъаи Муғ сохтмони амфитеатр бо 5 ҳазору 100 ҷойи нишаст ба роҳ монда шудааст.
Тавре аз шуъбаи иттилоотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои сазовор ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ Қалъаи Муғ пурра таъмиру тармим гардида, деворҳои даромади арки қалъа бо инъикоси лаҳзаҳои захмӣ гардидани Искандар, давраи ориёӣ, нақше аз Рустам, ободкориҳои ӯ ва аксҳои қаҳрамонҳои шуҷоъ, ки дар набардҳо бо аҷнабиён аз ҷумла мақдуниҳо, туркҳо, муғулҳо мубориза бурдаанд, тасвир ёфтаанд.
Инчунин Қалъаи Муғ чун маркази сайёҳӣ, фарҳангиву фароғатӣ омода шуда, гирду атрофи он бо дарахтони ороишиву сояафкан оро дода мешавад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






