АФЗОИШИ АҲОЛӢ- ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Имрӯз- Рӯзи умумиҷаҳонии аҳолӣ
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 26 майи соли равон аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Ин тифли хушбахт дар яке аз таваллудхонаҳои пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ба дунё омад ва аҳолии Тоҷикистонро расман ба 9 миллион нафар расонид. Пас аз таваллуди ин тифл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари ин кӯдак ва ҳамаи аҳолиро бо таваллуди сокини нуҳмиллионуми ҷумҳурӣ табрик гуфтанд ва бо дастури Ҷаноби Олӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба волидони тифли навзод хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
Шурӯъ аз соли 1989 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11 июл дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии аҳолӣ ё нуфуси аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз масъалаҳои афзоиши аҳолии сайёра, афзудани сармояи инсонӣ, беҳтар кардани сифатнокии он аз мавзӯъҳои муҳими мавриди баҳси таҳлилгарону коршиносон ба ҳисоб меравад. Мақомоти масъули созмонҳои байналхалқӣ ҳисоботу рақамҳои нав пешниҳод мекунанд, ки барои таҳлил ва баррасии умум пешбинӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон ҳам ин рӯз таҷлил карда мешавад. Тибқи маълумоти созмонҳои гуногуни байналхалқӣ ва дохилӣ, Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.
Имрӯз Тоҷикистон бо 9 миллион нафар аҳолӣ байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар мақоми 7-ум қарор дорад. Тибқи иттилои Раёсати иқтисод ва иҷтимоиёти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба омӯзиш ва таҳлили аҳолии ҷаҳон машғул аст, соли 2050 аҳолии Тоҷикистон ба 14.5 миллион нафар баробар мешавад ва дар ин раддабандӣ ду зина боло рафта, байни кишварҳои ИДМ ҷойи 5-умро ишғол хоҳад намуд.
Шумораи аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 94,2 миллион нафар мерасад. Ӯзбекистон — 40,8 миллион, Қазоқистон-23 миллион, Қирғизистон-8,1 миллион ва Туркманистон-7,8 миллион нафар аҳолӣ хоҳанд дошт.
Дотсенти кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайвалӣ Мирзоев бо суръат афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикистонро нишонаи беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум номида, мегӯяд, ки ин раванд ягон хатар надорад.
«Давлатҳои зиёди тараққикардаи ҷаҳон аз муҳимтарин сарват – сармояи инсонӣ танқисӣ мекашанд ва барои ҳалли ин мушкил маблағҳои зиёд сарф мекунанд. Аммо тавре мебинем, ин бефоида аст. Имрӯз дар кишварҳои зиёди аврупоӣ раванди пиршавӣ ё камшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ин давлатҳо барномаҳои зиёдеро барои афзоиши аҳолӣ ҷорӣ кардаанд, вале он самараи чашмрас надода истодааст»,-мегӯяд Сайвалӣ Мирзоев.
Дар гузоришҳо зикр шудааст, ки Тоҷикистон дар баробари пешсаф будан аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ, ҳамчунин яке аз кишварҳои дорои аҳолии ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Қариб се миллион нафар аҳолии Тоҷикистонро шахсони аз 1 то 14-сола ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкили демографӣ надошта бошад.
Ғайр аз ҳалли мушкили демографӣ, афзоиши аҳолӣ муҳимтарин омили такондиҳандаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҷавонон ба ҳисоб мераванд, ки ин захираи бузурги сармояи инсонӣ ва қувваи корӣ мебошад. Рӯз аз рӯз беҳ шудани сатҳи иқтисодии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолии ҷавони ҷумҳурӣ бо кор таъмин шаванд ва дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ саҳми худро гузоранд.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи танзими оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, аммо ба андешаи таҳлилгарон, ин ба маънои коҳиш додани сатҳи афзоиши аҳолӣ набуда, балки ба баланд бардоштани сифатнокии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Ба андешаи Сайвалӣ Мирзоев, дар Консепсияи сиёсати давлатии демографӣ, ки Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 қабул карда буд, мақсади асосӣ банақшагирӣ, танзими оила ва беҳ кардани сифатнокии аҳолӣ маҳсуб меёфт. Зеро меъёри муҳими демографӣ дар саросари ҷаҳон имрӯз афзудани сармояи инсонӣ ва беҳтар кардани сифатнокии он аст. Сифатнокии аҳолӣ муҳаррик ё омили аслии такондиҳандаи иқтисоди миллии ҳар як кишвар аст ва он якчанд нишондиҳандаҳои худро дорад, аз ҷумла, тандурустӣ, маълумотнокӣ, дарозумрӣ, ки Тоҷикистон маҳз ин нуктаҳоро ҳамчун афзалият қарор додааст.
«Аз рӯйи нишондиҳандаи дарозумрии миёнаи аҳолӣ мо ба нишонаи 74-сола расидаем, дар ҳоле, ки дар баъзе кишварҳои пешрафта ин нишондиҳанда ба 65-70 баробар аст. Аз ҷиҳати маълумотнокӣ ҳам Тоҷикистон нишондиҳандаҳои хуб дорад ва аксари аҳолии ҷумҳурӣ соҳибмаълумот буда, тамоми имконият барои маълумотгирӣ фароҳам оварда шудааст»,-иброз менамояд Сайвалӣ Мирзоев.
Имрӯз кишварҳои зиёди ҷаҳон аз камшавии аҳолиашон дар таҳлука афтодаву бонги хатар мезананд. Масалан, аҳолии Россия соли 2050 қариб 20 миллион нафар кам шуда, ба 133 миллион нафар мерасад. Россия барои ҳалли мушкили демографӣ тадбирҳои зиёд меандешад, аммо тавре мушоҳида мекунем, ин чораҳо барои ҳалли мушкил созгор нестанд. Ин раванд хоси танҳо Россия набуда, ба бисёре аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла, Эстония, Литва, Латвия, Украина ва Молдова низ тааллуқ дорад.
Чин, ки давлати сераҳолитарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, то чанд соли пеш ба сокинонаш доштани як фарзандро иҷозат медод, аммо ҳоло иҷоза додааст, ки фарзанди дуюм дошта бошанд.
Соли 2050 аҳолии сайёра ба 9,7 миллиард нафар мерасад ва Ҳиндустон бо 1,65 миллиард нафар аҳолӣ аз Чин пеш мегузарад ва кишвари сераҳолитарин дониста мешавад. Соли 2100 аҳолии сайёра ба 11,2 миллиард нафар мерасад ва қитъаи Осиё сераҳолитарин қитъаи ҷаҳон боқӣ мемонад.
Хулоса кардан мумкин аст, ки имрӯз ҷаҳон на аз афзоиши аҳолӣ, балки аз сифатнокии он ба ташвиш афтодааст ва давлатҳои абарқудрат кӯшиш доранд бо ҳар роҳ шумораи аҳолиашонро зиёд намоянд.
Пас, суръати баланди афзоиши аҳолӣ, ки дар Тоҷикистон ба таври табиӣ мушоҳида мешавад, боиси хурсандӣ аст. Махсусан, дар ҳоле, ки шароит барои афзоиш ва рушди аҳолӣ тадриҷан муҳайё шуда, имкониятҳо васеъ гардида истодаанд.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»