Азизмамад Каримзода: «Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст»
ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2018 Кумитаи давлатӣ ва зерсохтори он дар маҳал 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуданд. Аз ин миқдор нисбат ба 6771 ҳолат санаду қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шудаанд, ки маблағи он 2 миллиону 633 ҳазору 465 сомониро ташкил медиҳад. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 553 мавод ба прокуратура, 257 мавод барои маҷбуран ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол гардиданд. 5855 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода ба хабарнигорон пешниҳод намуд.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки «агар фаъолияти Кумитаро дар шаш моҳи соли 2018 таҳлил ва онро бо ҳамин давраи соли 2017 муқоиса намоем, пас маълум мегардад, ки имсол 1818 адад парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 141 мавод зиёдтар ба прокуратура ирсол карда шудааст».
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба пешгирии вайронкунии қонунгузории замин пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Пешвои миллат, аз ҷумла, дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки «замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад».
Аз ин рӯ, дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба таври доимӣ дар байни кормандон ва аҳолӣ ҷиҳати пешгирии вайронкунии қонунгузории замин корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд», — афзуд А. Каримзода.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»










16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






