Бежан Файзуллоев аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпии наврасон-2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Июль 19, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Бежан Файзуллоев дар намуди  варзиши тирандозӣ аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар Бозиҳои III олимпии наврасон дар Буэнос- Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос-Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегарданд.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ қариб 4000 нафар варзишгарони наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш барои ҷоизаҳо қувва меозмоянд.

Июль 19, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад