Бозиҳои Осиё-2018: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш муайян шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои 18-уми Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегарданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба кураш иштирок мекунад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар Бозиҳои 18-уми Осиё шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро паҳлавонони шинохта дар намуди кураш Орифҷон Додов ва Баҳодур Ҳалимов дар вазни -66 кг, Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг, Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Давлатшо Ғазалшо дар вазни -90 кг, Набимуҳаммад Хоркашев ва Саидҷалол Саидов дар вазни +90 кг ҳимоя мекунанд.
Мусобиқа оид ба кураш 28-30 август дар шаҳри Ҷакарта доир мегардад. Мусобиқаи кураш дар 4 категорияи вазнӣ миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг) ва 3 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-52 кг, -63 кг, -78кг) баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар ҳар 4 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.
Гӯштини кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ворид гардида буд, ки соли гузашта дар шаҳри Ашқобод варзишгарони мо соҳиби як медали нуқра (Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни-73 кг) ва ду нишони биринҷӣ (Фирдавс Насимов дар вазни -100 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни -66 кг) гардида буданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






